arzon replenishment
Муллои занҷаллоб хоҳарамро сиёҳбахт кард
05.11.2024
ОИЛА.ТҶ
3764

Салом! Мегӯянд, ҳоли дили сӯхтаро сӯхтадил медонад. Аз ҳамин хотир мехоҳам сарнавишти хоҳарамро нақл кунам, то ки ба падару модарон дарси ибрат гардад ва пеш аз оне, ки фарзандони худро хонадор мекунанд, тору пуди домодшавандаро нағзакак омӯзанд.

Хоҳарам Салима духтари зебо, боодоб ва панҷ панҷааш ҳунар буд. Ҷавонони зиёде талабгораш буданд, вале падарам аз байни он ҳама хостгор ба як ҷавони назарногир розигӣ дод, зеро ба гуфти хостгорҳо гӯё муллобачаи тақводор, қуръонхон ва худотарсу боимон будааст. Ҳарчанд гуфтем, ки пеш аз фотиҳа ҷавонон ақаллан як маротиба ҳамдигарро бубинанд, вале тарафи қудо ин пешниҳодро қабул накарда, исрор намуданд, ки онҳо бо ҳамдигар ҳанӯз номаҳраманду мулоқоту вохӯрӣ карданашон раво нест.

Хуллас, ҳамин тавр фирефтаи тақводории домодшаванда гашта, гул барин хоҳарамро бароварда додем, вале баъди тӯй маълум шуд, ки дар асл домод як марди занбозу занҷаллоб буда, пеш аз хоҳари ман ду маротиба зан гирифта, ҷудо шудааст.

Зани сеюм шуданашро фаҳмида дуд аз димоғи хоҳари наварӯсам баромад, вале тақдирро дигар тадбир набуд. Салима аз падару модарам домангир буд, ки ӯро ба як марди зандида дода, ҳаёташро сӯхтанд. Волидонам аз кори кардаашон пушаймон гашта бошанд ҳам, сир бой надода, Салимаро насиҳат мекарданд, ки сабӯр бошад, шояд занҳои пештарааш ягон айбу гуноҳ доштаанд, ки мард талоқашонро додааст.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, зани дуюми язнаам пас аз чанд рӯзи тӯй хабари зангирии шавҳарашро шунида, 3 фарзандашро ба хонаи онҳо оварда партофта рафт ва хоҳари арӯсакам сағерабон шуд. Салима, ки табиатан духтари хеле раҳмдил ва меҳрубон аст, ин се кӯдаки бечора ягон айбу гуноҳ надоранд, гӯён, бачаҳои шавҳарашро мисли фарзандони худаш бо меҳру муҳаббати модарона парасторӣ намуда, сарашонро сила мекард, оббозӣ медоронд, либосҳояшонро мешуст ва намегузошт, ки ба пояшон хоре халад.

Марди дигар мебуд, чунин занро рӯйи даст бардошта мегашт, вале шавҳари занҷалобаш ба ҷойи раҳмат гуфтан 3-4 сол пас дар болои хоҳарам боз як зани ҷавони 20-сола гирифт.  

Аз ҳама аламовараш он аст, ки хоҳари маро духтари хона гирифта бошад ҳам, шавҳар шуда, то ба имрӯз барояш ҳатто як чӯроб нахаридааст, вале барои зани наваш, ки дар 20 солагӣ аллакай аз ду шавҳар ҷудо шудааст, хона харида додааст.

Салима аз шавҳари занҷаллобаш аллакай 2 фарзанди гул барин зебо дорад, бар замми ин, бачаҳои шавҳарашро фарзанди худ мешуморад ва ҳайрон аст, ки чӣ кор кунад...

Т. И.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД