Дар Русия як рӯҳонии 28-солаи тоҷикро бо иттиҳоми азобу уқубат додани фарзандони хурдсоли муҳоҷирони тоҷик дастгир намудаанд. Ин рӯҳонӣ, ки аз ӯ чун Азизмурод ё Абдулазиз ёд мешавад, дар шаҳриУФА, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистон бо номи “Марҳабо” бо ном клуби тарбиявӣ боз карда, бояд кӯдакони муҳоҷирони меҳнатиро дар рӯҳияи арзишҳои динию миллӣ тарбият менамуд, вале дар асл ин маконро баяк навъ зиндони кӯдакона табдил дода, бачаҳоро сахт азият медодааст...
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки рӯзи дароз бо кору бори худ банд шуда, барои тарбияи фарзандонашон фурсат намеёфтанд, аз шаҳрҳои мухталифи Русия бачаҳояшонро ба Уфа оварда, барои тарбия ба дасти Азизмурод ё Абдулазиз месупоридаанд, то ки онҳоро дар клуби “Марҳабо” дар рӯҳияи арзишҳои динии мусулмонӣ ва миллӣ-тоҷикӣ тарбият намояд.
Ба “Марҳабо” асосан кӯдаконро медодаанд, ки дар кӯчаҳо беҳудагардӣ карда, ба мактаб намерафтанд ва ё бо кашидани носу сигор, дуздию авбошӣ ва дигар корҳои бад машғул буданд. Рӯҳонӣ бояд ин бачаҳоро бо панду насиҳат ба роҳи рост ҳидоят карда, Қуръону каломи Худо меомӯхт, вале таври ки Бомдод дар такя ба телеграм-канали Mash Batash навиштааст, ин мураббии тоҷик клуби “Марҳабо”-ро амалан ба “зиндони кӯдакон” табдил дода, шогирдони худро гӯё дар ҳуҷраҳои бидуни кати хоб маҳкам мекардааст ва барои гуноҳи хурдтарин ҷазои сахт дода, доим латтукӯб мекардааст.
“Худи Абдулазиз (Азизмурод) барои шарҳи моҷаро дастрас нест, вале Ринат гуфтааст, ки мураббии клуби “Марҳабо” баракси тасвири расонаҳои маҳаллӣ на мисли як одами хашин, балки як марди хушсавод ва пойбанд ба анъанаҳои мардуми худ ба назар мерасид. — Ӯ ба масҷид омада, намоз мехонд. Ҳофизи Қуръон буд, яъне Каломи Шарифро азёд медонист. Ҷавони худу кушодачеҳра буд”-менависад манбаъ.