Тибқи муқаррароти қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёни касбӣ” таҳсил дар коллеҷҳои кишвар як сол кам шудааст.
Қонуни нав 1-уми октябр аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд ва қонуни дар соли 2015 дар ин самт қабулшударо аз эътибор соқит менамояд.
Қонун аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, муҳимтарин навгонии он кам кардаи муҳлати таҳсил дар коллеҷҳои кишвар мебошад. Аз ҷумла, барои шахсоне, ки таҳсилоти асосии синфи 9 доранд, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол кам карда мешавад. Барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11 доранд, муҳлати таҳсил аз то 3 сол ба то 2 сол кам карда мешавад.
Инчунин, дар қонуни нав шаклҳои таҳсили “дуалӣ” пешбинӣ шудааст. Таҳсили дуалӣ назарияро бо амалия якҷоя мекунад. Донишҷӯён қисми вақтро дар коллеҷҳо ва қисми дигарро дар корхона ё ташкилот мегузаронанд. Ин низом имкон медиҳад, ки донишҷӯён аз оғози таҳсил дар амалия ва раванди кор бошанд.
Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунад.
Соли 2023 дар Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати кишвар таъсис ёфт ва назорату идораи литсею коллеҷҳои кишвар аз Вазорати маориф ва илм ба дӯши кумитаи навтаъсис гузошта шуд.