arzon replenishment
Муҳлати ҳабси тоҷикони дар ҳамла ба “Крокус” гумонбарро боз дароз карданд
338

Суди ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси 4 нафар тоҷикони дар ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” гумонбарро боз ба муҳлати як моҳ дароз кард. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 19-уми феврал гузашта, суд муҳлати ҳабси Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзовро, ки дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" муттаҳам дониста шудаанд, як моҳи дигар дароз кардааст. Баррасии парвандаи онҳо мебоист рӯзи 22-юми феврал баргузор мегардид, вале бар асоси ин қарор чор зодаи Тоҷикистон то охири моҳи марти соли равон дар боздоштгоҳ хоҳанд монд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" шаби 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, дар робита ба ин ҳодиса 20 нафар боздошт шудаанд, ки 14 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД