Дар кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон барои кумак ба ситораи футболи тоҷику ӯзбек Муҳсин Муҳаммадиев, ки аввали соли равон ба сактаи мағзӣ гирифтор гашта буд, ҷамъоварии маблағ оғоз ёфтааст. Дар ин хусус хабаргузории “Фарғона” иттилоъ додааст.
Бо мақсади дастгирии ситораи футбол рӯзи 6-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд бо ширкати собиқадорони «Динамо» ва собиқ бозигарони дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бозии хайрия баргузор хоҳад гашт. Вохурӣ таҳти шиори «Муҳсин, мо бо туем!» мегузарад. Нархи чиптаи даромад 20 ҳазор сӯм (1,7 доллар) буда, тамоми маблағҳои ҷамъшуда барои кумак ба Муҳсин Муҳаммадиев сарф мешаванд.
Айни замон Муҳсин Муҳаммадиеви 58-сола дар яке аз дармонгоҳҳои Маскав табобат мегирад ва ба муолиҷаи мураккаби ҷарроҳӣ ва барқарорсозии баъдӣ ниёз дорад.
Мухлисон метавонанд футболбозро тавассути хайрияе, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Тошканд ташкил карда шудааст, дастгирӣ намоянд ё бевосита тавассути интиқоли маблағ ба суратҳисоби оилаи Муҳсин Муҳаммадиев кумак расонанд.
Ҳисоби Азамат Абдураимов (Узбекистон): 6262 7300 5472 3699
Ҳисоби ҳамсари Муҳсин Муслимович Моҳира Муҳаммадиева (Сбербанк, Федератсияи Россия): 4006 8000 2259 1845
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон низ барои кумак ба Муҳсин Муҳаммадиев суратҳисобҳои махсус кушода шудаанд ва мухлисон метавонанд хайрияи худро бо ин суратҳисобҳо гузаронанд.
Бо рубли русӣ:
ҶСК "Бонк"
Ҳисоби гиранда: 42301810900072479449
BIC 044525974
Гиранда: Мухамадиева Мохира Собирчоновна
Мақсади интиқол: барои табобати Муҳсин Муҳамадиев
Бо сомонӣ ва дигар асъор:
"Бонки шаҳри Душанбе"
9762 0001 1231 8190
Гиранда: Сатторова Замира
"Бонки Алиф"
«Алиф Банк»
4444 8888 1052 7998
Гиранда: Насирова Замира