Formula novemver 2024
Муқимҷон Абдуфаттоев: Сафир будан масъулият аст
267

 

Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигор, роҳбари театр-студияи “Хандинкамон” ва Сафири пешгирии сил буда, дар тамоми маҳфилу базмҳои хандаи худ дар шаҳру навоҳии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи бемории сил бо паёмҳои зиддисилии худ саҳми босазо мегузорад.

Мо бо ӯ ҳангоми иштироку ҳунарнамоиаш дар чорабинии хайриявии “НЕСТ БОД СИЛ” дар толори Кохи Суруш вохӯрда, суҳбат карда будем, ки фишурдаашро пешниҳодатон менамоем.

– Сафири пешгирии бемории сил будан чӣ аст ва чӣ гуна сафир шудед?

– Сафир будан, ба ҷомеа расонидани иттилои дуруст доир ба беморӣ аст, яъне мо пешдаро мешавем, то ҷомеаро аз ин беморӣ огоҳ кунему сатҳи донишашонро боло бардорем. Азбаски мавзӯи бемории сил дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дораду натиҷаи талошу тадбирҳои якҷояи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандист, ки ҳоло сатҳи сирояти бемории сил дар кишвар коҳиш ёфта, табобати он боз ҳам беҳтару дастрастар гардидааст, мо нақши сафириамонро бо назардошти ҳамин мутаҳиддии давлату ҷомеа иҷро мекунем. Яъне, мо гуруҳи сафирон дар чопрабиниҳо ба мардум паёми зиддисилӣ мерасонем, назарсанҷиву суҳбатҳо мегузаронем ва дар маҷмӯъ, маърифати аҳолиро доир ба ин беморӣ боло мебарем. Дар масъалаи чӣ тавр сафир шуданам бояд гӯям, ки ин интихобист ва сафирон аз ҷониби Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” интихоб мешаванд. Онҳо чеҳраҳои шинохтаанд, чун овозхонҳо Шабнами Сурайё, Нозияи Кароматулло, Зайнура Пӯлодова, ҳаҷвнигор ва дӯсти ман Ҷамшеди Ҳалим ва дигар чеҳраҳои ҳунар.

То вақти ҳамкорӣ бо ташкилот дар соҳаи тандурустӣ кам будам. Вақте ҳамчун сафири пешгирии сил интихоб гаштам, маълумоти зиёде ҳам дар бораи беморӣ надоштам. Оҳиста – оҳиста омӯхтам ва ҳоло қариб мутахассис шудаам (механдад).

- Шумо ба ғайр аз сафир будан ҳаҷвнигоред. Тариқи ҳаҷв ҳам мешавад силро табобат кард?

- Тариқи ҳаҷву ханда дар фикру андешаи мардум ҷой кардани маълумоти муфиду зарурӣ дар бораи бемории сил яке аз роҳҳои бисёр осону содда аст. Вақте ки баъди ҳамкорӣ мо лоиҳаи “Ҳам хандаву ҳам дармон бо Хандинкамон”-ро пеш гирифта, чандин саҳначаҳои ҳаҷвии махсус таҳия карда, нишон додем, дарк кардам, ки метавонем бо ин роҳ барои пешгирии беморӣ ва дарёфти беморон кӯмак расонем. Ҳадафи мо бо ин лоиҳа паҳн кардани маълумоти дуруст дар бораи бемории сил аст.

– Яъне, ҳамчун сафир маҳз чеҳраҳои шинохтаро интихоб карданд, ки сухани онҳо тезтару беҳтар ба ҷомеа мерасад?

– Бале, бале. Чунки мо ҳар рӯз бо ҷомеаем, моро гӯш мекунанду ба суханамон бовар мекунанд. Суруду саҳнаҳои моро мардум интизор мешаванд. Пас, мо метавонем аз муттахассисон маълумоти дурустро гирифта, онро дар барномаҳои ҳунарии худ ба мухлисонамон расонем. Ин тавр онҳо паёмҳои моро фаромӯш намекунанд.

Дар охир мегуфтед, ки сафир будан чӣ гуна рисолат аст?

– Он, пеш аз ҳама, масъулият аст. Яъне, мо чун сафир масъулем, ки ба ҷомеа иттилои дурустро расонем, то тавонем якҷоя дар хотимаи сил саҳм гузорем.

- Ташаккур барои суҳбат!

- Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД