Коргардони тоҷик Муҳиддини Музафар дар саҳифаи фейсбукии худ контентҳои видеоии баъзе аз блогеронро танқид кард ва дархост намуд, ки барои танзими контентҳо комиссия ташкил карда шавад.
- Барои танзими контентҳои видеоии кишвар ҳатман комиссия лозим аст. Комиссияе, ки на танҳо видеоҳои баромадаро назорат кунад, балки барои таваллуди видеоҳои лозима масъул бошад. Нависандагону филмофарон барои ҳар як ҷумлаашон дар назди комиссияҳои махсус ҳамеша посух мегӯянд ва хулосаи мутахассисонро мегиранд, баъд ҳуқуқи пахши онҳоро соҳиб мешаванд,- навишт ӯ.
Бино ба андешаи мавсуф, “ин гуна видеоҳои ба назар содда дар байни ҷавонон ва ҷомеа оқибат идеология месозанд. Андешаву энерҷии ин гуна суҳбатҳо ҳатман таъсири худро ба ахлоқу маданияти ҷомеа хоҳад расонид. Имрӯз сохторҳои идеологиясози кишварро зарур аст, ки ҳарчи барвақт сари кор биоянд ва дар андешаи видео ва филмҳои идеологиясоз бошанд. Дар ҳолати пур накардани контенти лозима онро ҳатман онҳое пур хоҳанд кард, ки аслан намефаҳманд чӣ кор карда истодаанд”.
Ӯ меафзояд, ки офаридани контентҳои муҳим барои таблиғу ташвиқи маданияту фарҳанги волову бузурги халқи тоҷик муҳим аст: “Мо ҳамакаса масъулем, ки дар кишвари мо чӣ гуна видео ва филмҳо бояд зиёд шаванд. Мо худ ба киҳо таваҷҷуҳ дорем, то онҳо рушд кунанд?! Просмотрҳои зиёд натиҷаи таваҷҷуҳу бетаваҷҷуҳии мост! Ҳар чӣ қадар, ки ба ин масъала бепарвоӣ мекунем, ҳамон қадар просмотри ин гуна видеоҳо, ки фарзандони мо онро мазза карда мебинанд, зиёд шудан мегирад. Оқибаташ албатта аниқ аст. Ҳар чӣ корем, ҳамонро медаравем”.