Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар як қатор вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Аз ҷумла Гулзода М. Қ. аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон озод карда шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин шуд.
Доктори илмҳои тиб, профессор Нуриддин Муҳиддин Давлаталӣ соли 1970 ба дунё омада, яке аз ҷарроҳони моҳири кишвар ба шумор меравад. Лауреати мукофоти ба номи Имсоили Сомонӣ ва дорандаи медали “Хизмати шоиста” мебошад. Қаблан дар вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустӣ кор кардааст.