arzon replenishment
Муфтии Тоҷикистон гуфтааст, ки коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд
378

Пагоҳ, шанбе, 1-уми март дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз меёбад. Дар ин моҳи муборак кулли муслимин ҳамчун рамзи эътиқод ба хотири адо намудани яке аз фарзҳои асосии ислом рӯза медоранд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки коргарони НОБ-и “Роғун” бо сабаби шароити вазнини корӣ метавонанд дар рӯзҳои корӣ рӯза надошта, дар рӯзҳои истироҳат “рӯзаи қарзӣ” бигиранд.

"Шахсоне, ки кори аз ҳад пурмашаққатро анҷом медиҳанд, хусусан коргарони Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки дар айни ҳол дар нақбу иншооти рӯйизаминию зеризаминӣ машғули коранду масъулияти бузурги иҷрои корҳои сохтмонӣ доранд ва ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт хавфи зарар ба саломатиашон дорад, метавонанд дар рӯзҳои кории худ рӯза нагиранд ва дар вақти дигари барояшон муносиб ба рӯзҳои баробар ба он рӯзаи худро қазо бигиранд",- гуфтааст Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбат бо “Ховар”.

Муфтии Тоҷикистон ҳамзамон қайд кардааст, ки маризоне, ки рӯза гирифтан боиси авҷи бемориашон мегардад, занҳои ҳомилаю тифли ширхор дошта ва пирони солхӯрда метавонанд рӯза нагиранд. Мусофироне, ки бештар аз 40 километр дуртар сафар мекунанд, ҳақ доранд, ки рӯзаи худро ба таъхир андозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД