«Мо аз Тоҷикистон барои ташаббусҳои нек дар соҳаи обу пиряхҳо, аз ҷумла Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, миннатдорем ва ба ҳукумати кишвар изҳори сипос менамоем.
Аз тамоми давлатҳои аъзо даъват менамоем, ки дар ҳамбастагӣ фаъол бошанд...»
Ин нукта порае аз суханронии Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азуле мебошад, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Хонум Одри Азуле зимни баромадаш дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор” дар шаҳри Душанбе гуфт:
«Барои арзёбӣ ва баҳодиҳии 476 пирях, ки ҳолати обшавии онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, тадбир меандешем».
Мудири кулли ЮНЕСКО аз гузаронидани даврҳои омӯзишӣ дар самти тағйирёбии иқлим ҷонибдорӣ намуда, ваъда дод, ки дар ин самт ҳатман кор хоҳанд кард.