Сарояндагони машҳури тоҷик-Мубориз Усмонов ва Мадина Ақназарова дуэти навбатии худро пешкашӣ дӯстдорони савту наво гардониданд.
Клиптарона “Кам-кам дил меканам” – ном дошта дар ютуб- канали Мубориз Усмонон шоми гузашта нашр гардид. Ин клиптаронаро дар давоми 20 соат зиёда аз 300 ҳазор нафар тамошо карда, ба суруд баҳои баланд додаанд.
Шеър аз Эҳсон Аъзамиён буда, оҳанги суруд аз Шаҳбоз Носирҷонов мебошад. Дар клип аввал бемеҳриву дурии ошиқон нишон дода шуда, дар охир дилдодагон боз бо ҳам вомехӯранд ва ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд.
Кип шабонгоҳ дар макони дилхушӣ дар кишвари Узбекистон сабт гардидааст. Анонси клипи мазкур дар саҳифаи инстаграми Мадина Ақназарова зиёда аз 1,4 миллион просмотр гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин дуэти Мубориз бо Мадина набуда,ин ду сарояндаи муваффақ қаблан низ бо ҳам ду дуэт суруда будан, ки миллионҳо нафар тамошо кардааст.