Arzon march 2024
Муаттара Насриддинова - духтари бадрашки “Инстаграм”
10.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1138

Дар фазои маҷозӣ мо чанд ҷавону духтарони блогере дорем, ки бо ҳам муносибати ошиқона доранд ё оиладор ҳастанд. Асосан, муҳтавои матлабҳои ин гуна блогерон муносибати як ҷуфти ҷавон ва мушкилоту муаммоҳои ҷавонон мебошад.

Бояд гуфт, ки чунин мавзуъҳо дар “Инстаграм” аудиторияи колон дошта, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ба худ ҷалб мекунанд. Махсусан, вақте ки чунин наворҳо оҳанги ҳаҷв дошта бошанд, ки дар матолиби қаҳрамони имрӯзаи мо Муаттара Насриддинова баръалост.

Муаттара Насриддинова дар “Инстаграм” бо тахаллуси эҷодии Taraddinova маъруф аст ва ҳама наворҳояш бо шавҳараш Некрӯз Худойбердиев таҳия мешаванд.

Симои Муаттара дар “Инстаграм” ҳамчун як духтаре, ки ба шавҳараш рашки зиёд дорад, муаррифӣ шудааст. Қариб дар ҳамаи наворҳояш нақшеро иҷро мекунад, ки ба дӯстдоштааш рашк дорад ва он хеле зиёд аст. Чунин образ ва бархӯрд дар муносибати ду дилдода, ки одатан аз чашми шахси сеюм хандаовар аст, Муаттара Насриддинова ва Некрӯз Худойбердиев тавонистаанд бо ин роҳ таваҷҷуҳи садҳо ҳазор бинандаро ба наворҳояшон ҷалб созанд.

Айни ҳол Муаттара Насриддинова дар Инстаграм 792 ҳазор обуначӣ дошта, наворҳои нашр кардаашро садҳо ҳазор нафар мебинанд. Яъне, ӯ ҳоло яке аз фаъолтарин, машҳуртарин ва хушномтарин блогери тоҷик мебошад.

Хусусияти хоси ин блогер дар он аст, ки аудитория ба маҳсули эҷодаш бисёр мусбат баҳо медиҳад ва зери аксу навораш суханони дурушт наменависанд.

Акнун, меоем сари мақсад. Муаттара Насриддинова пеш аз машҳур шудан чӣ гуна буду ба чӣ кор машғул?

Тавре ки худи ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, пеш аз блогер шудан дар кушонаи ҳусн ба ҳайси маъмур фаъолият мекардааст.

"Ман соли 2017 бо Некрӯз шинос шудам ва дар баробари кори кошонаи ҳусн ба кори блогерӣ машғул шудам. Аз аввал мехостам фаъолияти блогерӣ дошта бошам, аммо имкон набуд, вале чун чанде аз ҳамватанонамон ин корро оғоз карданд ва ман дарк кардам, ки метавонам ҳамроҳашон ба ин кор машғул шавам, бо шавқи зиёд ба ин соҳа ворид шудам".

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД