Дар панҷ ҷамоату деҳоти ноҳияи Восеи вилояти Хатлон биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд.
Рустам Солеҳзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ гуфтааст, ки дар деҳаи Каримбердии Ҷамоати Худоёр Раҷабов мактаби таълимии №32 бо 240 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбонов, муассисаи таълимии №23 дар деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабов барои 240 ҷойи нишаст дар як баст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аъзам Қодирзода, Муассисаи таълимии №70 бо 320 ҷойи нишаст дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбон Мирзоалиев ва 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №24 – и деҳаи Қаратоғи ҷамоати Тугарак мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ҳамчунин дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бинои иловагии муассисаи таълимии №16 низ мавриди истифода қарор дода шудаст, ки он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода сохта шуда, аз 6 синфхонаи таълимӣ иборат аст ва дар як баст 150 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 аз соли 1965 то инҷониб фаъолият менамояд. Норасоии ҷойи нишаст ва набудани мизу курсиҳои замонавӣ яке аз мушкилоти асосии хонандагони ин даргоҳи таълимӣ буд. Бо сохтани бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона барои 300 нафар дар ду баст мушкили асосии муассиса бартараф гардид.
Дар айни замон дар ноҳияи Восеъ 73 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 55 ҳазору 158 нафар хонанда фаъолият менамоянд.