Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифии маҳсулоти инноватсионии рақамӣ барои пайгирии ҳолатҳои нави бемории сил (БС), сирояти сили ниҳонӣ (ССН), табобати пешгирикунанда, риояи протоколҳои ташхису табобат ва васеъ намудани фарогирии аҳолӣ тавассути санҷиши шахсии бемории сил брифинг баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат, дар брифинг вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Ҷон Риордан, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва мутахассисон иштирок намудаанд.
Ҷаласаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳ намуда, оид ба муҳимияти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои мубориза бо бемории сил таъкид кардааст. Аз ҷумла номбурда иброз доштааст, ки рақамисозӣ имкон медиҳад, то идораи бемории мазкур самараноктар сурат гирифта, ҳолатҳои нав пайгирӣ шаванд ва тадбирҳои саривақтӣ барои ташхису табобати бемории сил тарҳрезӣ гарданд.
Тавре номбурда иброз доштааст, бо пайравӣ ба стратегияи рақамисозии соҳаи тандурустӣ, истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар низоми ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил имкон медиҳад, ки назорат аз болои бемории сил пурзӯр гардида, кумаки саривақтӣ ба ҳамаи ниёзмандон расонида шавад.
Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Ҷон Риордан зимни суханронии ифтитоҳии хеш қайд кардааст, ки ҳамкории бисёрсоҳавӣ тавассути сармоягузориҳои USAID дар соҳаи рақамисозии низоми ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон ба таҳкими низоми тандурустӣ саҳми назаррас гузошта, ба устувории мутобиқшавии муассисаҳои тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулода ва банақшагирии фаврии чораҳо низ заминаи мусоид мегузорад.