Ҳунарманди маҳбуби тоҷик Муҳаррама Шарифзода сазовори нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” гашт.
Дӯстон, шогирдон, пайвандон ва мухлисону ҳаводоронаш ин бонуи ҳунармандро дар шабакаҳои иҷтимоӣ табрику муборакбод гуфта, навиштанд: “Муҳаррама Шарифзода! Бо камоли эҳтиром ва самимият Шуморо ба муносибати гирифтани нишони фахрии «Аълочии маориф» табрик мегӯем! Ин мукофоти шоиста самараи заҳмати беандоза ва саҳми гаронбаҳои Шумо дар рушди илму маърифат мебошад...”.
Муҳаррама Шарифзода 21-уми феврали соли 1963 дар деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дастпарвари Донишкадаи санъати Тоҷиткистон ба номи устод Мирзо
Турсунзода мебшад. Ин овозхони хушзавқ тӯли фаъолияти эҷодиаш садҳо суруду таронаҳои пурмазмун офарида, дар рушди санъати мусиқӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Қобили зикр аст, ки беш аз 110 суруди Муҳаррама Шарифзода дар хазинаи тиллоии телевизион ва радио нигоҳдорӣ мешаванд, ки «Давлати ман», «Базми ағёр», «Бехабари ман», «Дили саргардон», «Биё, ки ба ҳам биравем», «Домани ишқ», «Зоргардӣ», «Бевафо», «Ало, вое», «Ба лаб хандиданот», «Ғарибӣ», «Содданигоҳ», «Нозанин»,
«Дилпарешон», «Мепарастам», «Доғи ману боғи манӣ», «Сӯзи ҷигар», «Суруди Гулизор», «Гуларӯсак», «Ман тори дутор», «Аз субҳи сафо», «Ғамбемор» аз ҳамин ҷумлаанд.
Барои хидматҳои арзандааш дар соҳаи санъат Муҳаррама Шарифзода соли 2006 бо унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» ва соли 2021 бо унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.