Sebiston new 2024 october
Муҳаммад Ҳисайнов: Вохӯрӣ бо Президент зиндагиамро ба куллӣ дигар кард
28.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1111

Баъзан як соат, як навор, як вохӯрӣ, як сухан ва умуман як лаҳза метавонад зиндагии инсонро ба куллӣ тағйир диҳад. Ин ҷумла ба ҳаёти ҳамсуҳбати мо мувофиқ аст, зеро маҳз бо як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ диққати мардумро ҷалб кард ва ҳатто Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бо ӯ суҳбати самимӣ карда, ҳамаҷониба дастгирӣ карданд.

Мо дар бораи Муҳаммад Ҳисейнов, бародари шафқате, ки замони авҷи бемории коронавирус бо нашри як навораш, ки дар он табибонро ба хизмат кардан ба мардум талқин мекарду он навор тавонист зиндагиашро пурра иваз кунад, гуфта истодаем. Номбурда ҳоло аз ҷумлаи блогерони маъруф буда, саҳифааш, ки зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ дорад, аз пешравиҳову комёбиҳои соҳаҳои гуногун мегӯяд.

Бо Муҳаммад доир ба вохӯрии тақдирсозаш бо Президенти мамлакат ва фаъолияти блогериаш суҳбат кардем.

ҲЕҶ ГОҲ ПУЛ ТАЛАБ НАМЕКУНАМ

- Чӣ хел як бародари шафқат блогер шуд?

- Падари ман дар синни 27-солагӣ фавтиданд, он акс дар тӯю маъракаҳо барандагӣ мекарданд. Ин шавқ ба ман ҳам гузашта буд, аммо вақти интихоби касби мувофиқ волидонам дар канорам набуданд, ки соҳаи дӯстдоштаамро интихоб кунам, балки нафаре барои савоб маро таваккалӣ ба коллеҷи тиббӣ дохил кард ва ман бародари шафқат шудам. Аммо шавқи суханварӣ дар дилам коста нашуд. Дар Фейсбук фаъол будам ва ҳатто буд вақтҳое, ки ҳамчун ёрдамчии барандаҳо дар Телевизиони “Сафина” кор мекардам. Яъне, пештар ҳам ман дар фазои маҷозӣ фаъол будам, вале танҳо пас аз фаъол шудан дар дар Инстаграм ва ба таври ҷиддӣ кор кардан дар ин самт зиёдтар шинохта шудам.

- Номи саҳифаатон дар Инстаграм doctor.covid_19 аст. Хушбахтона, башарият аз ин бемории ҳамагир раҳоӣ ёфт, чаро шумо номи саҳифаатонро иваз намекунед?

- Тасмим доштам, ки номи саҳифаамро иваз кунам, аммо ба ман тавсия доданд, ки азбаски бо ҳамин тахаллус миёни мардум шинохта шудаам, беҳтар аст, ки иваз накунам.

- Саҳифаи шумо маърифатист. Яъне, дар мавзуъҳои муайян фикратонро мегӯед ва бештар аз ҷараёни иқдомҳои зиёд, аз ҷумла маъракаҳои варзишӣ навор таҳия мекунед. Чаро чунин самти корро пеш гирифтед?

- Ростӣ, дар аввал дар блогам наворҳои хайриявӣ нашр мекардам. Баъдан, доир ба ҳурмату эҳтироми волидон сухан мекардам. Ва чун сафи обуначиёнам зиёд шуд, доир ба мавзӯъҳои муҳими ҷамъиятӣ, аз ҷумла, саломатӣ, эҳтиром, варзиш ва ғайраҳо навор таҳия карданро шуруъ кардам. Ин ҳама кори мо ба хотирест, ки заррае ҳам бошад, дар пешравиву муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Албатта, ҳоло ки насли наврас ба телевизион камтар аҳамият медиҳад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъсиррасонӣ хеле зиёд аст ва мо ҳам мехоҳем аз навгониву пешравиҳои соҳаҳои гуногуни кишварамон бигӯем.

- Шуморо мардум ҳамчун блогери фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ мешиносанд. Оё блогери иҷтимоӣ ё ҷамъиятӣ аз саҳифааш фоидаи пулӣ ба даст оварда метавонад?

- Дар масъалаи реклама чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи кишвар бо маблағҳои ҳангуфт ба ман пешниҳод мешавад, аммо чун тарғиби қимор аст, ман розӣ намешавам. Тӯли фаъолияти блогериам 4-5 реклама гирифтаам, зеро аслан ба ман кам муроҷиат мекунанд.

- Дар Инстаграми тоҷикӣ чанд блоги тиббӣ ҳаст, чун шумо ҳам донандаи ин соҳа ҳастед, чаро наворҳои тавсиявӣ таҳия намекунед?

- Ман ҳамагӣ як бародари шафқатам ва ба фикрам ҳаққи тавсия додан надорам, зеро дониши худро кофӣ намедонам дар ин масъала. Тиб ва тавсия додан хеле кори мушкил аст ва фикр мекунам, шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи ин корҳо нест, зеро ташхис гузаштану духтурро аз наздик дидан дигар аст.

- Шумо зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ доред. Ин миқдор дӯстони маҷозӣ ба шумо чӣ медиҳанд?

- Ҳама обуначиёни ман, ки намояндагони касбу кори гуногунанд, бароям падару модар ва хоҳару бародар ҳастанд. Ман онҳоро чунин наздик мешуморам ва ҳар наворе омода мекунам, барои фоидае расонидан аст.

- Шумо аз ҷумлаи тарғибгарони асосии Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ҳастед. Оё дар баробари дастгириҳоятон аз ҷониби ассотсиатсия ба шумо ҳавасмандие мешавад?

- Ман кӯшиш мекунам, ки барои пешравии давлату миллатам саҳмгузор бошам. Чун аз Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон дар чорабиниҳои гуногун маро даъват мекунанд ва хизмат мекунам, ин аллакай барои ман ифтихор аст, ки ба Ватанам хизмат карда истодаам. Ҳавасмандӣ гуфта, агар шумо пулро дар назар дошта бошед, ман дар ин хел корҳо ҳеҷ гоҳ пул талаб намекунам, зеро меҳри Ватану хизмат ба ин сарзамин бароям болотар аз ҳама чиз аст.

МАШҲУР БУДАН ХЕЛЕ МУШКИЛ АСТ

- Шумо зиндагии оддӣ доштед, аммо як вохӯрӣ бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагиатонро ба куллӣ иваз намуд. Кӯтоҳ бигӯед, ки пеш аз вохӯрии тақдирсоз чӣ гуна зиндагиву кор доштед?

- Падари ман дар хонаи модарам хонадомод буданд ва мо хона надоштем. Пас аз фавти падар, модарам маро ба бибиям доданд. Аз сабаби надоштани ҷойи зисти муайян ман дар 5 мактаби миёна ва як мактаб-интернет таҳсилоти миёнаи умумиро гирифтаам. Аз деҳа ба шаҳри Душанбе омадам ва дар хонаи як зани осетин 6-7 сол зиндагӣ кардам, ду сол дар хонаи холаам истодам. Пас аз хатми коллеҷи тиббӣ ба Федератсияи Россия рафтам ва ҳамчун муҳоҷир чор сол кор кардам. Соли 2015 аз муҳоҷират баргаштам. Замин харида, хона сохтам ва баъди қариб 15 сол модарамро наздам овардам. Аз аввали соли 2016 ба ҳайси бародари шафқат дар бемористони “Шифобахш” фаъолиятамро оғоз кардам. Ҳамчунин, дар беморхонаи “Истиқлол” ба ҳайси фелдшери ёрии таъҷилӣ кор кардам. Дар баробари кори беморхона дар бозори “Корвон” ҳамчун савдогар фаъолият доштам, аммо вақте ки бемории коронавирус хуруҷ кард, кори бозор барои ман тамом шуд. Ҳамин тавр, давоми умри маро дигар ҳама медонанд. Яъне, вақти беморӣ наворе таҳия кардам, ки табибон бояд дар вақти душворӣ дар канори мардум бошанд ва рисолаташонро анҷом диҳанд.

- Оё бовар доштед, ки як навори шумо сабаб мешавад, ки бо Президенти мамлакат рӯ ба рӯ мешавед?

- Тамоман бовар надоштам. Ман мақсади танқиди касеро надоштам, танҳо мехостам, ки замони муҳтоҷ будани мардум ба кори табибон, онҳо бояд дар хизмат бошанд ва вазифаашонро анҷом диҳанд. Вале он лаҳзаи тақдирсоз, ки бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриву суҳбат кардам, ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, зеро зиндагиам ба куллӣ иваз шуд.

- Президенти кишвар ба шумо ҳам хона тӯҳфа карданд ва ҳам бо ташаббусашон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шудед. Таҳсилатон дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Хушбахтона, ҳоло дар соли панҷум таҳсил карда истодаам. Чун бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шомил шудам, албатта, тӯли ин солҳо кӯшиш кардам, ки ҳам дар дарсҳо фаъол бошам ва ҳам дар корҳои ҷамъиятӣ. Шукр, ҳамааш хуб аст ва имсол донишгоҳро бо ихтисоси стоматолог хатм мекунам.

- Ҳоло аз рӯи ихтисосатон кор карда истодаед?

- Ҳоло, ки донишҷӯ ҳастам, дар дармонгоҳи рақами 13 назди як табиб таҷрибаомӯз ҳастам. Албатта, пас аз хатми донишгоҳ пурра кор мекунам. Саломатии инсон хеле арзишманд аст ва ман то мутахассиси хуб нашавам, кор намекунам

- Блогерӣ ба табибӣ халал намерасонад?

- Блогерӣ на ба таҳсилам ва на ба касбам халал нарасонидааст, балки бисёр хурсандам, ки саҳифаам ба мардум хизмат мекунад. Албатта, ин саҳифа сабаб шуд, ки чандин касон соҳиби хона шуданд, чандин беморон барои табобат ба хориҷи кишвар рафтанд, чандин маъюбон соҳиби аробачаи маъюбӣ шуданд ва ғайраҳо.

- Шумо машҳур ҳастед, шуҳрат кадом ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбатро дорад?

- Машҳур будан хеле мушкил аст, агар инсон худро идора карда натавонад.

- Аз чӣ метарсед?

- Аз ғазаби Худо ва туҳмати ногаҳонӣ.

- Чӣ орзу доред?

- Аз аввал орзу доштам, ки муваффақ шавам ва дармонгоҳи шахсии худамро дошта бошаму ба маъюбон кумаки ройгон расонам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД