Ҷеймс Ластеди 33-сола ва завҷаи 27-солааш Хлоя, сокинони Уэлс бо сабаби вуҷуд доштани фарқияти калон дар қаду қоматашон ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардиданд.
Актёр ва наттоқи телевизион Ҷеймс гирифтори бемории нодири пақанагӣ аст, ки дар илми тиб ҳамчун дисплазияи диастрофӣ унвон гирифтааст. Дарозии қади Ҷеймс 3 футу 7 дюйм буда, дарозии қади занаш 109 см аст. Ҷеймс ва Хлоя соли 2016 издивоҷ карданд ва домод дар рӯзи тӯй барои бӯсидани арӯсаш зинапояро истифода бурда буд.
Алҳол зану шавҳари ғалатӣ соҳиби як духтарчаи дусола ҳастанд. Бояд қайд намуд, ки фарзандашон бемории падарро мерос нагирифтааст.