Бо рафтани синну сол ҳама чиз тағйир меёбад: орзуву ниятҳо, нуқтаи назар, муносибат бо шахси наздиктарин. Занҳоро ҳамеша як суол азият медиҳад: «Мард чӣ мехоҳад?». Ба ин савол ҷавоби аниқ додан бисёр душвор аст, зеро бо гузашти вақт хоҳишҳои мард низ тағйир меёбанд. Рафторе, ки марди сисола мекунад, марди панҷоҳсола ҳеҷ гоҳ ба он роҳ намедиҳад. Бо рафтани синну сол бисёр чиз тағйир меёбад, вале як хоҳиш хоси мардони тамоми синну сол аст- ҳар як мард ташнаи муҳаббат, дастгирӣ ва меҳрубонии зан аст.
Марди 20-сола
Дар ин синну сол мард худаш чӣ хостанашро намедонад. Дилаш навигарӣ мехоҳад, кораш рӯзи дароз арӯскобӣ аст. Ҳормонҳо бозӣ мекунанд, фикру хаёл танҳо банди мубошират, барои ҳамин дар айёми ҷавонӣ мардҳо ба духтарони зебо таваҷҷуҳи бештар доранд. Ҷавонмарди бистсола танҳо бо мақсади дилхушӣ бо духтарон шинос мешавад, зеро духтарон дар ин сину сол содаву зудбовар буда, ба ҳарфҳои ширини мардон хеле зуд дода мешаванд. Одатан духтари дилдода орзуи куртаи арӯси пӯшида, дар тахт дар паҳлӯи домоди зебо нишастанро мекунанд, вале ҷавонмард ба ҷуз дилхушӣ дар сар дигар ягон хаёл надорад. Ҷавонони 20- сола ба духтарҳо аз рӯйи зебоияшон баҳо дода, кӯшиш менамоянд, ки зеботарини зеборухонро ба чанг оварда дар назди дӯстонашон фахр намоянд. Танҳо баъди он ки чандин зебосанам дилашонро шикаста бераҳмона фиребашон медиҳад, ҷавонон ба қароре меоянд, ки духтарро на барои сурат, балки барои сират бояд дӯст дошт. Бо вуҷуди дарки ин ҳақиқати зиндагӣ ҷавон ба духтарони зебо нигоҳ карданро бас намекунад. Мабодо ба дасти духтаре афтад, ки дар баробари зебоӣ аз ганҷи ақл ҳам бархӯрдор бошад, таноби чунин булҳавасро ба даст гирифта метавонад.
Марди 30 -сола
Маҳз дар ҳамин сину сол аксари мардҳо ба оиладорӣ тайёр мешаванд. Вақте синну солашон аз 30 мегузарад, мард занро ҳамчун ҳамсуҳбати хуб ва модари фарзандони ояндааш қабул мекунад. Мубошират дигар дар ҷойи аввал намеистад. Мард на танҳо дар бораи хушҳолии худ, балки дар бораи бонуяш низ андеша меронад.
Мардони 30- сола ду хел мешаванд.
Навъи 1: Дар андешаи ояндаи худ аст. Аз ҷавони беандеша ба марди ҳақиқӣ табдил меёбад. Хоҳиши беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ ва ба даст овардани маблағи хубро дорад.
Навъи 2: Ин тоифаи мардон хоҳиши баркамол шудану барпо намудани оиларо надоранд. Худашон чӣ хостанашонро намедонанд. Аз озодӣ ҳаловат мебаранд.
Марди 40-сола
Дар ин синну сол мардҳо ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мешаванд. Дилашон худ аз худ зиқӣ оварда, муҳити оилавӣ ба ҷонашон мезанад, аз ҳамин сабаб ба ҷустуҷӯи зани дигар меафтанд. Мард дар ин айём занеро ҷӯё мешавад, ки ӯро ба ҳаяҷон овараду дилаш баробари дидори ӯ бо суръати дучанд ба тапидан дарояд. Аз ҳамин сабаб маҳз дар 40 солагӣ аксари мардон маъшуқа меёбанд.
Марди 50-сола
Мардони ба ин синну сол расида танҳо як хоҳиш доранд, зиндагии ороми бе ягон навигарӣ дошта бошанд. Давраи кризис фаро мерасаду якҷоя бо он яъсу ноумедӣ ва эҳсоси ба касе нодаркору нолозим будан мардро руҳафтода мегардонад.
Хоҳиши мубошират ҳаст, вале саломатӣ имкон намедиҳад. Маҳз дар ҳамин синну сол аксари мардон ба мушкилоти ҷинсӣ мувоҷеҳ мегарданд. Мард дар симои зани дӯстдоштааш дӯстеро дидан мехоҳад, ки дастгиру мададгораш аст. Дар ин сину сол мард бештар кунҷи танҳоӣ меҷӯяд ва мехоҳад зан сабаби ин рафторашро бе сухан дарк намояд. Аз ин мард сабаби хира будани табъашро пурсон нашавед, вагарна сахт меранҷад.
Марди 55-60-сола
Мард омадани пириро баръало эҳсос мекунад, барои ҳамин бо тамоми роҳу восита исбот кардан мехоҳад, ки ҳанӯз имкони чизеро тағйир додан вуҷуд дорад. Баъзеашон барои он ки аз нав худро ҷавону дилкаш эҳсос намоянд, ба ҷустуҷӯйи бонувони ҷавони 30-35-сола мебароянд. Тоифаи дигар ба зани худ сахттар ошиқ мешаванд, хотирашро шод месозанд, ба қадраш бештар мерасидагӣ мешаванд.