Дар хонаводаи сарояндаи машҳури Тоҷикистон Иззат Шарифӣ мусибати калон рух додааст. Овозхони номӣ модарашро аз даст дод.
Се рӯз қабл Иззат Шариф дар сафҳаи худ дар Фейсбук акси модарашро интишор карда, аз мариз будани ӯ хабар дод. Сарояндаи маҳбуби Тоҷикистон Иззат Шарифӣ қаблан дар саҳифаи худ дар Фейсбук аз ҳаводорон даъват намуда буд, ки барои шифо ёфтани модараш дуо кунанд.
Ӯ аз тамоми мухлисон ва корбарони шабака дархост намуд, то баҳри шифоёбии модараш дуогӯй бошанд. Аммо, имрӯз, 24 август модари овозхон пас аз чанд рӯзи беморӣ ҷон дод.
Гуфта нашудааст, ки модари сароянда аз кадом беморӣ азият мекашид ва сабаби марги ӯ кадом беморӣ шуд.