arzon replenishment
Мошин рондан ва интиқоли пулро ба муҳоҷирон манъ мекунанд?
764

Дар Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ, рондани мошин, интиқол додани маблағҳои пулӣ ва оиладоршавиро манъ мекунанд.

Дар ин бора ТАСС хабар додааст. Гуфта мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Россия омода ва пешниҳод шудааст. 

Мақсад аз андешидани чунин чораи қонунӣ мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, ба низом даровардани системаи муҳоҷиратӣ ва назорат намудани буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар мебошад. 

Мувофиқи қонуни нав муҳоҷироне, ки буду боши худро дар қаламрави Россия қонунӣ нагардонидаанд ва қайди муҳоҷиратӣ надоранд, минбаъд наметавонанд ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ё воқеъӣ аз қайди давлатӣ гузашта, бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, амволи харидаашонро ба расмият дароранд, дар қайди кадастри давлатӣ гузоранд, харидуфурӯш намоянд ё мошини худро дар қайд гузошта, рақами давлатӣ бигиранд. 

Вазорати корҳои дохилии Россия  ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ кушодани суратҳисоб дар бонк, интиқол додани маблағҳои пулӣ ва бастани ақди никоҳ манъ карда шавад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД