Шарфаи пойро шунида, мор ба даруни остини куртаи зан даромад. Бобои Шамс омада, дар рӯ ба рӯи Сайрам оҳу воҳкунон нишаст.
-Мегум, духтарам, ин ҷоро канда дарахт мешинонӣ?
- Ҳова, падар,-бо дили пур посух дод Сайрам.-Ниҳоли шаҳтут мешинонам.
-Кори нек мекунӣ, духтарам, кори нек,-мӯйсафед сӯи дашти Дулоназор, ки гандум корида буд, нигоҳи чашмони обравашро давонда, бо ҳасрат ба нақли қиссаи аз сар гузарондааш сар кард.
-Ҳафтаи гузашта ба сари заминам рафтам. Дар пуштаи Пистазор ҷавони ношиноси ба хуну хок оғӯштаро дидам. Бечора кайҳо ҷон ба ҷаббор супорида будааст, чунки вақте даст ба пешониаш расонам, аллакай сард буд. Баданаш аз зарбаҳои корд ғалберро мемонд. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Дар ҳаққи он ноинсофу бадкирдоре, ки ҷавонро ба ин ҳол оварда буд, дуои бад карда, ба ҳафт пушташ лаънату дашном фиристодам. Болои сараш як оят аз Қуръони маҷид хонда, бо сад азобу машаққат ба хок супоридам. Ба милиса муроҷиат карданро ба худ эб надидам. Дар хотират бошад, порсол бо туҳмати беваи Тӯйдӣ барои гум шудани мурғаш маро даҳ маротиба ба милисахона бурданд. Маблағи дар роҳ сарф кардаам ба нархи даҳ мурғ мерасид. Ҳарчанд ба тафтишгарон мегуфтам, ки гунаҳкор нестам ва ин кампири шаттоҳ нисбати ман ғараз дорад, як милиса бовар намекард. Оқибат мурғи ин зани туҳматгар ёфт шуду ман аз ин моҷарои нангин халос шудам. Мурғи сабилмонда курк шуда, дар болои коҳдон чӯҷа мебаровардааст. То ҳол ин кампири ҷилоҷин аз ман узр напурсидааст. Мардумро ҳам даъват накардам. Овозаву дарвоза мешуд. Агар якеаш ба милиса муроҷаит мекард, дар бало мемондам.
Мӯйсафед қадре ба фикр фурӯ рафт. Бо ангуштони харобаш риши тунукашро хорид. Аз кисаи ҷелакаш дастрӯймол бароварда, оби чашмонашро пок кард.
-Гап дар бораи чӣ мерафт?-Мӯйсафед хеле пешона молида, пасон давоми қиссаашро ба хотир овард.
-Ин дам аз дур садои нолише ба гӯшам расид. Пир шуда бошам ҳам, шунавоиям баҷост. Аз теппа гузашта, дар хамии Олучадара ду ҷавони тахминан 20-25-соларо дидам, ки паҳлӯи ҳам мехобиданд. Ба онҳо наздик шуда, бӯи афъюнро ҳис кардам. Калонсолаш кайҳо мурда буд. Оне, ки ҷавонтар буд, ҳазён мегуфт. Аз суханони берабташ ҳамин қадар фаҳмидам, ки ин бадзотҳо бо фармони сардори нохалафашон ҷавонеро таъқиб менамоянд. Мехоҳанд, ки маблағи дар муҳоҷират ғун кардаашро кашида гиранд. Дар пушти ана ҳамон теппа ҷавонро дастгир мекунанд,-мӯйсафеди Шамс бо дасташ тарафи офтоббароро нишон дод.
-Сару либоси ҷавонро аз танаш мекашанд, аммо маблағро намеёбанд. Аз хашму ғазаб ба баданаш ҳашт корд мезананд. Дар хамии Олучадара аз алами барор нагирифтани амалиёт ва иҷро накардани супориши сардор афъюн истеъмол мекунанд ва хобашон мебарад. Дар охир ҷавони нашъаманд се бор такон хӯрда, ӯ низ аз думболи шарикаш ба охират сафар кард. Ҳангоми аз назар гузаронидани баданашон изи дандонҳои морро дидам. Ҳайрон шудам. Дар ин гӯшаю канор мор умуман вуҷуд надорад, лекин нақли падари марҳумам ба ёдам расид. Раҳматӣ мегуфт, ки дар ҷое, ки шаҳтут ҳаст, ҳатман мори сафед пайдо мешавад. Ва боз қисса мекард, ки дар ҷойи пайдо шудаи мори сафед морони дигар зуд он маконро тарк мекунанд. Ана, барои чӣ ман дар муқобили дарахти тут нишаста, дуру дароз онро ба мушоҳида мегирифтам.
Пирамард қадре таваққуф намуда, нафасашаро рост кард. Як оҳи чуқур кашида, думболи қиссаро гирифт.
Ин шаб Ёрро мор газид. Тахмин мекунам, ки мори сафед дар ҳамин наздикиҳост. Ин ҷонвар одами бадро аз як чақрим мешиносад ва аз нияту мақсадаш огоҳ мебошад. Ёр одами нек набуд. Нашъаманди гузаро буд. Пайти муносиб ёфта, аз сарҳад гузашта, аз афғонҳо нашъа мехарид. Баъзан-баъзан моли майдаи мардумро дуздида, пули аз фурӯши онҳо бадаст овардаашро барои кайфияти худ сарф мекард. Ана, ҳамин хел, духтарам. Зиндагӣ баъзан муаммоҳое дорад, ки одамон дар пешгирӣ кардани он оҷизанд.
-Ҳа, духтарам, шунидам, ки говатро гум кардаӣ? Ҷустуҷӯ кардӣ? Гумон мекунам, ки ин кори Ёри марҳум аст. Дар ин деҳа фақат ӯ ба чунин кирдори бад қодир буд.
-Ҳама ҷоро кофтам, падар,-Сайрам мушоҳидаи худро ошкор накард. -Наёфтам. Э, бало ба пасаш. Дар кӯча намондаам. Ҳоло одамони нек бисёранд. Зарур шавад, дасти ёрӣ дароз мекунанд.
-Ҳа, рост гуфтӣ, духтарам. Ҳоло одамони нек бешуморанд. Хайр, ғам махӯр,-мӯйсафед аз ҷой хест. Домани ҷелакашро такконд. -Худованд шуморо бенасиб намемононад. Ризқи фарзандонатро ато мекунад. Ниҳоли тутро ҳатман шинон, духтарам. Ба шарофатии он эҳтимол мори сафед пайдо шавад. Дар урфият мегӯянд, ки мори сафед бахти сафед меорад. Барои чунин хислатҳои некаш хеле камшумор аст. Аслан хонаҳои одамони наҷибро макони зист ихтиёр мекунад. Хуш бош! Ман рафтам. Қитъаи заминамро чарх занам.
Мӯйсафед оҳиста-оҳиста аз зан дур шуд. Сайрам низ аз ҷояш хест. Белро ба даст гирифта, ба Сафедак муроҷиат намуд:
-Рафтем, бахти сафеди ман. Бобои Шамс ҳақиқатро гуфт. Худованд моро бе насиб намононд. Ризқи тифлаконамро тафовути ту аллакай фиристод…
Дар тасдиқи сухани зан хуршеди заринтоб нурҳои ҳаловатбахши худро ба атроф саховатмандона мепошид.