Formula novemver 2024
Моҳпайкар хиёнати шавҳарашро бахшиду...
1747

 

Бо вуҷуди он ки хиёнати шавҳарашро бо чашми худ дида буд, ин зани бовафо гуноҳи нобахшидании ҳамсафари ҳаётиашро бахшида, ӯро аз чанги пулис наҷот дод...

Рӯзи 7-уми июни соли равон дар театри ҷавонони пойтахт ба номи Маҳмудҷон Воҳидов моноспектакли “Шаби танҳоӣ” намоиш дода шуд, ки нақши асосиро дар ин намоишнома яке аз зеботарин ва машҳуртарин ҳунарпешаҳи театри муосири тоҷик Моҳпайкар Ёрова бозида, бо маҳорати баланд ва ҳунари нотакрораш ҳамагонро мафтун гардонд.

Дар ин намоишнома Моҳпайкар Ёрова нақши занеро иҷро мекунад, ки лаззати зиндагиро начашидааст. Вай дарду ранҷи зиёд кашида, борҳо аз шавҳараш хиёнат мебинад, аммо бо вуҷуди ин ҳама ранҷу ситам ин зани покдомону бовафо боз ҳам мехоҳад ҳамсафари бевафои худро аз кормандони мақомоти пулис наҷот диҳад.

Толор пур аз дӯстдорони театр буд ва тамошобинон аз самимияти Моҳпайкар Ёрова зимни иҷрои нақш ба ваҷд омада, гоҳ оби дида мерехтанду гоҳи дигар садои кафтӯбиҳояшон толорро ба ларза меовард.

Ёдовар мешавем, ки муалифи намоишнома Ғаюр Ашур ва коргардони намоишнома Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД