arzon replenishment
Моҳпайкар Ёрова: Дар вақташ фаррошӣ ҳам кардам...
982



Меҳмони навбатии барномаи “РӮ ба РӮ”-и YouTube канали Pressa.tj актрисаи шинохтаи тоҷик Моҳпайкар Ёрова буд. Мо бо ин ҳунарманди саршинос доир ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунариаш суҳбат доштем.

Нашри 9-уми барномаи “РӮ ба РӮ”-ро дар YouTube канали Pressa.tj тамошо кунед.

                           Рӯзадорӣ дар саҳна
-Дар ин рӯзҳои рамазонӣ чӣ ҳол доред?
-Шукр ки рӯзадорем. Тамрин мекунем, нақш меофарем ва ба фестивали “Парасту” омодагӣ мебинем.

-Дар Рамазон агар рӯзадор бошед ва саҳна хӯрокхӯрӣ дошта бошад, чӣ кор мекунед?

-Ҳамин ҳолат дар фаъолияти ман буд. Соли гузашта дар моҳи рамазон намоиши “Гунҷишкакон ҳам механданд” мерафт. Дар он як саҳнаи шабнишинӣ доштем, ки ман бояд менӯшидаму мехӯрдам. Вале чун рӯзадор будам, даст мебурдаму меовардам ва вонамуд мекардам, ки хӯрок хӯрда истодаам.

-Рамазони имсоларо чӣ гуна сипарӣ кардед?

-Шукри Худованд, Рамазон имсол дар фасли хуб омад. Ҳаво салқин буд. Бинобар ин, гуруснагиву ташнагиро эҳсос накардем. Рамазон бисёр ба осонӣ сипарӣ шуд. Мана шукр ба Ид ҳам расидем. Вале бояд хислатҳои неке, ки дар Рамазон ҳастанд, онро набояд фаромӯш кунем, бо ҳамдигар меҳрубон бошем, ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз кунем...

Хушдомани золим

-Феълан силсилафилми “Артист” баромад, ки дар он ҷо яке аз нақшҳои марказиро иҷро мекунед. Вале дар ин филм ҳам образи манфиро мебозед. Чаро ба шумо солҳои охир нақши хушдоман ва модари бадро пешниҳод мекунанд?

-Ба ман ин саволро зиёд медиҳанд. Медонед, нақши хубро ҳама актёр иҷро карда метавонад, вале нақши бадро, на ҳама. Характер офаридан душвор аст. Ман қаблан зиёд нақшҳои мусбат меофаридам. Нақши манфиро бори аввал Муҳиддини Музаффар дар филми “12 соли интизорӣ” ба ман пешниҳод кард. Он ҷо нақши хушдомани золимро иҷро мекардам, ки ба келинаш раҳм намекунад. Келинамро Таҳмина Раҷабова иҷро мекард. Аз ҳамон сар шуд ва дигар режиссёрҳо бештар нақши манфиро ба ман медиҳанд.

-Муносибати мардум ба ин нақшҳои шумо чӣ тавр аст?

-Буд ҳолатҳое, ки маро бад медиданд, вале хушбахтона ҳозир ҳама маро дӯст медоранд. Мегӯянд, ки апаҷон бозӣ накунед чунин нақшҳоро, ба шумо намезебад. Вале ман мегӯям, ки касби мо вобаста аст, режиссёр аст, ҳар чӣ пешниҳод кунад, онро бозӣ мекунем.

-Моҳпайкар, имрӯзҳо дар фазои YouTube филмҳои тоҷикӣ зиёд шуданд. Вале сатҳи ҳамаи онҳо ба талаботи одии филмбардорӣ ҷавобгӯ нест. Ба ин филмҳо чӣ назар доред?

-Хуб аст, ки имрӯз ҷавонон ба офаридани кино таваҷҷуҳ доранд. Дар YouTube воқеан ҳастанд силсилафилмҳое, ки тарбиявӣ ва бомаънӣ ҳастанд. Вале мутаассифона филмҳои каммазмун зиёданд. Инҳоро барканор бояд кард.

-Чаро имрӯз ҳама мехоҳанд филм бигиранд?

Мехоҳанд машҳур шаванд. Вале фикри онро намекунанд, ки ба завқи мардум чӣ таъсири бад мегузоранд.

           Бозгашт ба саҳна
-Шумо баъди хатми донишкадаи театрии шаҳри Москва ва фаъолият дар театр ба Туркманистон шавҳар кардед. Вале оилаи шумо пароканда шуду бо вуҷуди ин, муддати зиёд аз санъат дур будед. Дар ин муддат чӣ кор мекардед?

-Бале, солҳои 90-ум ва аввали 2000-ум банда дар санъат кор намекардам. Дар ин давра дар куҷоҳое кор накардам. Дар мағоза фурӯшанда, дар бӯстонсаро, дар меҳмонхона маъмур шуда кор кардам, ҳатто фаррош будам. Як муддат дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ фаъолият доштам.

-Ба ҳайси наҷотдиҳанда?

-Не, сардори шуъбаи тарҷума будам. Вале азоб кашидам. Истилоҳҳои ин соҳа барои ман душвор буданд, бинобар ин, фикр кардам ки ҷойи як нафарро банд накунам ва ариза навиштам, ки маро ба шуъбае гузаронед, ки наздик ба фарҳанг бошад. Ҳамин тавр ба шуъбаи корҳои шахсӣ гузаштам ва баъди чанде аз кор рафтам.
-Кадом сол ба театр баргаштед?

-Соли 2008. Др ин вақт додарамро аз даст додам ва ҳама чиз бароям бемаъно шуд. Дигар чизе намехостам. 6 моҳ дар хона нишастам, тоату ибодат кардам, Худо гуфтам. Худованд дар ҳамин муддат ба дилам шуълае андохт, ки ба театр равам. Қабл аз ин як дӯсти деринамро дидам, ӯ гуфт ки намехоҳӣ ба театр баргардӣ. Не, гуфтам. Гуфт, ки рав ту аллакай пухтӣ. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Омадам ба театр ва ҳамаро аз сифр сар кардам.

-Шуморо муҳити театр чӣ гуна қабул кард?

-Хеле хуб, зеро ман аз дигар театр наомада будам. Ман фаъолиятамро аз ҳамин даргоҳ сар карда будам. Дубора ба саҳна баргаштан бароям душвор буд, вале ба худам боварӣ доштам. Баробари ба кор омадан дар намоиши “Харгӯшак” нақши рӯбоҳро ба ман доданд, илова бар ин, дар намоиш маро ворид карданд. Ман аз кор роҳат мекардам., зеро ташнаи саҳна будам. Баъдан ба филмҳо роҳ ёфтам ва Худоро шукр, ки ба ин рӯзҳо расидам.

-Ҳоло ҳам бо лаззату кайфияти пештара кор мекунед?

-Не. Натанҳо ман, балки муҳите пайдо шудааст, ки бисёриҳо бо дили нохоҳам кор меоянд. Зеро фазои театр дигар мусоид нест...

Аз шароити хуб то қарзи бонк

-Як режиссёри дӯстам гуфт, ки Моҳпайкар Ёроваро ба сабт даъват кардан душвор аст, зеро шароити хуб талаб мекунад...

-Бале. Зеро агар ман худамро қадр накунам, шумо маро қадр мекунед? Не! Ман бояд қадри худамро донам! Вақте ҳунармандон розӣ мешаванд, ки бо 100 ё 200 сомонӣ нақш бозанд, ман ҳайрон мешавам... Вақте ба ман пешниҳоди нақшофарӣ дар филм мешавад, шартамро мегӯям. Агар сабт берун аз Душанбе бошад, шарти ман ин аст, ки ҷойи хобам хуб бошад, тоза бошад, оби гарм дошта бошад. Магар ин талаботи вазнин аст? Не, албатта!

-Дар чанд суҳбататон мегӯед, ки аз бонк қарздоред. Ин қарзҳо барои чист?

-Якум қарзро ман вақте гирифтам, ки хоҳарам духтарашро шавҳар дод. Баъдан барои тӯйи писарам, барои таъмири хона ва ғайра аз бонк қарз гирифтам. Нав халос шуда будам, ки писарам ба садама дучор шуд. Барои таъмири мошинаш боз қарз гирифтам. Чӣ кор кунам? Бо маоши мо ҳунармандон ин мушкилиҳоро ҳал карда намешавад...

-Писаратон баъди садама хуб аст?

-Шукр. Худаш зинда ва ба касе зарар нарасидааст. Мошинаш ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ таъмир шуд.

                    Бибӣ Моҳпайкар
-Шумо наберадор ҳам ҳастед. Чӣ гуна аст, эҳсоси бибӣ будан?
- Чун хона меравам, бибӣ мешавам. Набераи калониам Муҳаммадҷон бениҳоят шӯху беқарор аст. Бо ӯ зиёд бозӣ мекунам. Писарам мегӯяд, ки ин оянда актёр мешавад. Хурдӣ зиёд мултфилм тамошо мекунад. Эҳсоси гуворост вақте инҳоро мебинам, ба оғӯш мегирам, ҳамроҳашон бозӣ мекунам. Лекин ман берун аз хона худамро бибӣ ҳис намекунам.

-Нақши хушдоманҳои бадро зиёд меофаред, дар хона бо келинатон чӣ тавр муносибат мекунед?

-Муносибатамон хеле хуб аст. Ӯ келин не, балки духтарам аст. Ман одат надорам, ки ба келинам зулм кунам. Қарсак аз ду тараф мешавад, меҳрубонӣ кунӣ, меҳрубонӣ мебинӣ. Ман аз келинам розиям. Раҳмат ба падару модараш.

-Солҳои охир тағйир ёфтед, ҳамеша бо рӯймол мегардед. Сабаб чист?

-Сабаб марги хоҳарам аст. Чун падару модарам ва додарам гузаштанд, ягона хоҳарам монда буд. Вақте ӯро аз даст додам, тамоми дунёро аз даст додам. Вақте сафарҳои ҳунарӣ мерафтам ё то соати 12, 1-и шаб тамрин мекардам, хоҳарам дар хона буд. Дилам пур буд. Ҳар рӯз занг зада мепурсид, ки дилат чӣ мехоҳад, ки бароят омода кунам. Марги ӯ нигоҳи маро ба зиндагӣ тағйир дод. Ва ман то имрӯз рӯймолро аз сарам нагирифтаам...

-Аз фарзандони падар чанд нафар мондед?

-Худам танҳо мондам. Додару хоҳарам дугоник буданд ва ҳар ду ҷавон рафтанд...

Мусоҳиб ОДИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД