arzon replenishment
Моҳира Маматхон: Ҳар зан метавонад қаҳрамони зиндагии хеш бошад
289

Моҳира равоншиносест, ки ҳамвора аз мушкилиҳои равонии занони тоҷик сухан мегӯяд ва ба зиёда аз 3000 зан дар масъалаҳои гуногун кумак кардааст. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд: “Занони тоҷик бисёр қавӣ ва пурғайрат ҳастанд, мехоҳам дар бари ҳам истода, ба якдигар кумак расонем ва аз вартаҳои зиндагӣ раҳоӣ ёбем”.

- Шумо нахуст соҳибкор шудан мехостед ё равоншинос?

- Ростӣ нахуст соҳибкор шудан мехостам ва дар ин ҷода муваффақ ҳам гардидам. Баъдан ба хулосае омадам, ки ба омӯзиши илми равоншиносӣ машғул шавам, зеро ҳар як зан нахуст худро бояд бишносад. Ҳоло ҳам ба ҳайси равоншинос фаъолият мекунам ва ҳам занонро дар соҳаи бизнес дарс медиҳам.

- Аз нигоҳи шумо равоншиносӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар кадом поя қарор дорад?

- Беш аз як сол аст, ки дар ин соҳа кор мекунам ва дарк кардам, ки мардуми мо, бахусус занҳо ба равоншинос ниёз доранд. Кам заноне ҳастанд, ки ба равоншинос муроҷиат мекунанд. Онҳо бештар гумон мекунанд, ки бемор ҳастанд ва танҳо духтур онҳоро табобат карда метавонад. Лекин вақте ба назди мо меоянд ва ҳамсуҳбат мешавем фикрашон дигар ва қувваташон бештар мешавад. Ҳолатҳое ҳастанд, ки занон метарсанд, ки сири дили худро, дардашонро ба нафаре гӯянд. Бисёре дар ҳолатҳои шадиди равонӣ кӯшиши ҳатто кӯшиши даст ба худкушӣ задан мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо ба равоншинос муроҷиат кардан лозим аст.

- Ба назари шумо, чаро занони мо дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ на ба равоншинос, балки назди фолбину ҷодугар рафтанро авлотар медонанд?

- Бале мутаассифона, чунин аст. Вале бояд занон донанд, ки ба назди фолбин рафтан ва ба гуфтаҳои вай амал кардан онҳоро ба якборагӣ дар зиндагӣ раҳгум мекунад. Инро ман аз мушоҳидаҳои амалиам мегӯям. Бовар кардан ба ҷодугару фолбин асосан аз надоштани илми кофӣ сар мезанад. Таҷриба нишон медиҳад, ки вақте занҳо назди фолбин мераванд, онҳо ҳатман мегӯянд, ки хушдоманат инхел гуфт, қайсангулат фалон чиз гуфт, шавҳарат ин корро кард, зан гирифт... ин гапҳои кӯчагӣ аст, суханҳое аст, ки баракс одамро зери фишор ва стрес қарор медиҳад. Равоншинос бошад, баракс тавре роҳнамоӣ мекунад, ки ҳалли мушкилотро пайдо кунад ва ба инсон нерӯ диҳад. Бинобар ин, аз занҳо хоҳиш мекунам, аз оне ки ба назди муллову фолбинҳо рафта пулҳои калон сарф мекунед, ба назди равоншинос рафта як ё ду соат ҳамсуҳбат шавед, дар пеш ба худ мақсад гузоред ва бо хости Худо роҳи дурусти зиндагии худро меёбед.

- Шумо аллакай мутахассиси соҳибтаҷриба ҳастед ва дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор доред. Метавонед бигуед, ки чи гуна мо равоншиноси миёни мардум дар амал татбиқ созем?

- Дар давлатҳои пешрафта ҳар як оила ба худ равоншинос дорад, чунки дар баҳси оилавӣ зану шавҳар дар бисёр мавридҳо ҳамдигарро намефаҳманд ва бар зидди суханони якдигар мебароянд. Дар ҳамин ҳолатҳо вақте равоншинос дар барашон бошад ҳарду ҷонибро гӯш карда, барои баровардани қарори ниҳоӣ барои онҳо кӯмак мерасонад. Бояд талош кунем, ки дар Тоҷикистон низ оилаҳо ба равоншинос муроҷиат кунанд. Ин сабаб мешавад, ки пош хӯрдани оилаҳо кам шавад.

- Шумо чигуна занро қавӣ меҳисобед?

- Зане, ки нотарс аст. Ҳаракат мекунад, ки худашро ёбад ва ба зиндагиаш муъҷиизаҳои нав ворид созад. Худашро хубтар шиносад ва барои омӯхтан, барои пеш рафтан ҳаракат мекунад. Зане, ки ҳаргиз ноумед намешавад, ба суханҳои дигарон гӯш надода барои устувории оилааш талош мекунад. Ин гуна занҳо воқеан занҳои қавӣ мебошанд. Аз рӯи мушоидаҳои ман бештари занҳои тоҷик ҳамин хусусиятҳоро доранд, фақат бояд болои худ кор кунанд.

- Гумон мекунам дарки муносибатҳо ва ҳалли мушкилии одамон танҳо аз омӯзиш ва собиқаи корӣ намеояд, балки таҷрибаи зиндагӣ низ муҳим аст. Оё Шумо аз зиндагии хеш таҷриба гирифтаед?

- Ҳар як инсон, ки мактаби зиндагиро мегузарад, албатта қавӣ мешавад. Вақте рӯъёҳои худро ба ҳақиқат табдил дод, яъне ба муваффақият ноил шуд, мехоҳад таҷрибаи хешро бо дигарон қисмат кунад. Яъне як зарраи равшание бошад то дигарон умед дошта бошанд, ки инсон аз тамоми вазъияти зиндагӣ баромада метавонад. Ман дар зиндагӣ ба мушкилиҳои бениҳоят бузург рубару шудам, мактаби бузурги зиндагиро омӯхтам ва баъдан худро ёфтам. Новобаста аз он ки соҳиби се маълумоти олӣ ҳастам ҳаракат мекунам, ки шабу рӯз болои худ ва дониши худ кор кунам.

- Кадом марҳилаи зиндагӣ шуморо устувортар намуд?

- Замоне, ки дар соҳаи тиҷорат кор кардам. Воқеан дарсе буд, ки дунёро ба гунаи дигар дидам. Инсонҳоро шинохтам. Инсон вақте дар муҳити хушҳолӣ аст, ҳамагон дар атрофаш ҳастанд, гумон мекунад, ки дӯстони зиёд дорад, вале ба мушкилот дучор мешавад, дарк мекунад, ки танҳо аст. Фақат дӯстони воқеӣ дар канорат мемонанду халос. Кори омӯзгорӣ, фаъолият ҳамчун муовин дар чанд муассисаҳо низ бароям мактаб буд.

- Моҳира, агар шумо имкони дубора ба синни 20-солагӣ баргаштанро медоштед, чиро дар зиндагиатон тағйир медодед?

- Агар ман воқеан ин имкониятро пайдо мекардам, ҳатман боз ҳам омӯхтану омӯзониданро интихоб мекардам ва боз ҳам дониши хешро такмил медодам. Вақти пурқиммати худро дуруст истифода мебурдам. Ба тамоми занҳо гуфтаниам, ки ҳаракат кунед, ки кори имрӯз ва фикри ҳамин рӯзро ба фардо нагузоред. Ҳамин рӯз ва ҳамин лаҳза ҳаракат кунед ва худро ёбед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД