Пулиси Душанбе мегӯяд, ки дар моҳи декабр 700 ҳазор “хлопушка” дарёфт ва мусодира кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки ин миқдори маводи оташзо ё пиротехникиро дар 7 ҳолат аз ҳудуди пойтахт ҳангоми муомилоти ғайриқонунӣ мусодира кардааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбати гумонбарон барои “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ” (моддаи 199, иловаи 1 КҶ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз ҷарима то 2 сол зиндон пешбинӣ мекунад.
Пулиси Душанбе аз сокинон хостааст, ки барои пешгирӣ аз истифода ва фурӯшу паҳнсозии маводҳои оташзо фарзандони худро зери назорат гиранд.