Ҳалима Аден, модели 23-солаи амрикоии сомалитабор ба қароре омадааст, ки фаъолияти моделии худро қатъ намояд. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи Инстаграм бо нашри чанд акс хабар додааст.
Ҳалима аксеро аз ҷараёни таблиғи либосҳои ширкати “American Eagle”мисол овардааст, ки дар сар ба ҷои ҳиҷоб шими ҷинс дорад. “Чаро ман ба онҳо иҷозат додам, ки шими ҷинсро ба сари ман пӯшонанд? Ин дар ҳолест, ки ман то имрӯз танҳо куртаҳои домандароз мепӯшидам. Баъди сабт хеле ғамгин шудам ва ҳис кардам, ки ин ман нестам”,-навиштааст Ҳалима. Инчунин, ӯ илова кардааст, ки кор дар соҳаи мӯд дар аксар ҳолатҳо барои риояи қоидаҳои динӣ монеа мешуд. “Модарам ҳамеша мегуфтанд, ки соҳаи мӯд маро ба роҳи рост намебарад. Билохира, гуфтаи он кас шуд.
Акнун ман ин соҳаро тарк карда, аксҳоямро аз интернет пок мекунам. Дигар намехоҳам, ки шаҳватангез ба назар бирасам”,-афзудааст модел. Ҳалима Аден яке аз аввалин моделҳои касбӣ дар таърих аст, ки ҳиҷоб мепӯшад. Ӯ дар 19-солагиаш ҳангоми иштирок дар озмуни зебоии “Зебосанами Миннесота” дар Амрико либоси мусулмонӣ пӯшида буд. Соли 2018 бошад, акси ӯ дар муқоваи маҷаллаи бритонии “Vogue” бо ҳиҷоб пайдо шуд. Акнун баъди фаъолияти 4-сола ӯ тарки соҳаи мӯд кардан мехоҳад.