Чанд бардошт аз як намоиши Театри Лоҳутӣ
Ҳафтаи равон дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши “Модар ҳастии миллат аст”-и Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марям Исоева баргузор шуд.
... Санъатшиноси маъруф Саъдулло Раҳимов дар яке аз мақолаҳояш эҷодиёти Марям Исоеваро ба як «галерея»-и нақшҳои равшан монанд кардааст. Вақте ба толори Театри Лоҳутӣ даромадем, “галереяи” аксҳои занони машҳури Тоҷикистонро дар саҳна дида ин навиштаи равоншод ба ёдам омад. Туҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Мукаррама Тошматова, Суфро Боқиева, Марям Бозорбоева, Низорамо Зарифова, Ибодат Раҳимова, Мавҷуда Ҳакимова, Майсара Калонова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Бозгул Додхудоева, Рафиқа Мусоева, Гулрухсор, Хайринисо Юсуфӣ... заноне ҳастанд, ки дар даврони Шӯравӣ ва Истиқлол барои рушди Тоҷикистон хизмат карданд ва мекунанд. Дар баробари хизмат ба халқу Ватан ин занони диловар ба ҳазорон нафар духтарон улгӯ шудаанд ва барои идомаи таҳсил ва муваффақ шудан дар роҳи илм, истеҳсолот, маориф, тандурустӣ, ҳунар ва сиёсат такон бахшиданд.
Марям Исоева ҳам вақте ба саҳна баромад, як-як аз кору пайкори ин занон ёдоварӣ кард ва гуфт: “Ман дар ин саҳна, беш аз шаст сол аст, ки нақши зан-модарро меофарам. Прототипи қаҳрамонҳои ман ҳамин занон буданд: аввалин омӯзгор, аввалин муҳандисзан, говҷӯшзан, механизатор, раиси колхоз, зани роҳбар ва сиёсатмадор...”
Дар воқеъ Марям Исоева ҳанӯз 50 сол қабл дар суҳбат ба шоира Мавҷуда Ҳакимова гуфта буд, ки мехоҳад симои занеро нишон диҳад, ки дар ҷомеа мавқеъ дорад, кор мекунад, роҳбарӣ мекунад, илм меомӯзад, ба сохтмон ва истеҳсолот меравад, вале дар хона ҳамоно модар, хоҳар ва ҳамсар мемонад. Марям Исоева гуфтааст, агар симои чунин занонро наофарад, худро қарздор меҳисобад.
Ва тӯли 60 сол дар саҳна ин ҳунарманди беназир ва дар воқеъ бузурги тоҷик нақши чунин занонро офарид. Ва будани акси занони маъруф дар саҳна бесабаб нест. Марям Исоева ҳангоми эҷоди нақшҳояш аз ин бонувони диловар илҳом гирифтааст ва бархе аз ин бонувони аз ҳунарпеша ҷавонтар нақшҳои ӯро дидаву дар кору пайкори хеш муваффақ шудаанд.
Ҳамин аст, ки намоиши “Модар ҳастии миллат аст”-ро метавон як навъ “галерея” ё намоишгоҳи ҳунарии Марям Исоева, арзёбӣ кард ки аз чанд зовия симои занро муаррифӣ мекунад. Ин намоишро метавон як навъ ретроспективаи зиндаи ҳунарии Марям Исоева, ё ба истилоҳи театршиносӣ, намоиши таркибӣ номид, ки аз пораҳои нақшҳои пешин, зиндагиномаи худи ҳунарманд, аксҳо, шеър, мусиқӣ ва хотираҳо мантаж шуда, дар як сохтори саҳнавӣ ба ҳам пайвастаанд. Дар назарияи театр «монтаж» на танҳо ба маънои ба ҳам часпондани пораҳо, балки ба маънои ба ҳам овардани қисмҳое истифода мешавад, ки дар ҳамбастагӣ маънои нави умумӣ ҳосил мекунанд. Театршиносон Франко Руффини ва Зденек Горжинек таъкид мекунанд, ки дар театр низ муқоиса ва ҳамнишинии порчаҳои мустақил метавонад маъное ба вуҷуд оварад, ки ҳар порча дар алоҳидагӣ надорад. Ин хусусият дар намоиши Марям Исоева равшан эҳсос мешуд, нақшҳои солҳои гуногун, чеҳраҳои солҳои гуногун ва хотираҳои солҳои гуногун барои ба вуҷуд овардани як андешаи воҳид – таҷассуми зани созанда ва модари мубориз хидмат мекарданд.
Намоиш бо иҷрои нақши Атлас оғоз шуд. Ин яке аз нақшҳои нахустини Марям Исоева аст. Атлас дар монологи худ аз рӯзҳои дар ҳарами амир гузарондааш, аз зулму таҳқир ва ниҳоят аз расидан ба озодӣ мегӯяд. Ӯ фаранҷиро месӯзонад, аз низоми куҳна раҳо мешавад, вале роҳи озодӣ барояш ба қурбонӣ анҷом меёбад...
Дар иҷрои Марям Исоева ин саҳна танҳо бозгӯии сарнавишти як зан нест. Атлас ба рамзи гузариш аз асорат ба озодӣ табдил меёбад. Аз ин ҷиҳат ӯ ба силсилаи қаҳрамонҳои занонаи Марям Исоева мепайвандад, ки озодӣ, ирода ва ҳаққи интихоби худро бо ранҷ ба даст меоранд.
Шояд баъзе нафарон эрод бигиранд, ки ғояи ин нақш аз идеалогияи Шӯравӣ аст ва дар замони имрӯз он мубрам нест. Вале ба назари банда масъалаи озодии зан имрӯз, дар асои 21 ҳамоно мубрам боқӣ мемонад, вақте занони ҳамтабори мо дар он сӯйи Ому ҳаққи таҳсилу кор ва ҳатто табобаро надоранд. Дигар ин ки як пораи таърихи гузаштаи мост.
Нақши дигаре, ки Марям Исоева барои ин намоиш интихоб кардааст, - Мавҷуда Низомова аз «Иродаи зан»-и Аъзам Сидқӣ аст. Ин нақш яке аз аввалин дастовардҳои эҷодии Марям Исоева мебошад. Театршинос Саъдулло Раҳимов ҳам ишор мекунад, ки зуҳури Марям Исоева дар нақши Мавҷуда аз «Иродаи зан» диққати тамошобинонро фавран ба худ ҷалб кард.
Мавҷуда зани роҳбарест, ки ба мушкилоти истеҳсолӣ, дасиса ва муқовимат рӯ ба рӯ мешавад, аммо аз роҳи интихобкардааш барнамегардад. Марям Исоева ин нақшро дар натиҷаи суҳбат бо прототипи асосии он Мукаррама Тошматова иҷро кардааст.
Агар Атлас ва Мавҷуда бештар симои зани мубориз ва созандаро нишон диҳанд, Медея тарафи бисёр печида ва фоҷиавии табиати занро мекушояд. Ҳамин аст, ки Марям Исоева барои намоиши “Модар ҳастии миллат аст” порае аз ин нақши бузурги хешро низ интихоб кардааст.
Нақши Медеяи Еврипид аз муҳимтарин нақшҳои Марям Исоева будааст. Худи ҳунарманд дар суҳбатҳо аз рақобати сахт барои ин нақш ёд кардааст, чанд ҳунарпеша хоҳони иҷрои он буданд, аммо режиссёр исрор мекард, ки Медеяро маҳз Марям Исоева бозӣ кунад.
Медея на образи «модари идеалӣ», балки фоҷиаи инсони захмдида аст. Маҳз ҳамин нақш нишон медиҳад, ки силсилаи занону модарони Марям Исоева якранг нест. Дар он ҳам меҳр ҳаст, ҳам қаҳр, ҳам ирода, ҳам шикаст, ҳам фоҷиа. Хосияти театр ҳам ҳамин аст, ки муҳимофаридани қаҳрамони «хуб» нест, балки кушодани зиддиятҳои ботинии инсон мебошад.
Ёдоввар бояд шуд, ки Марям Исоева бештар дар офаридани образҳои мураккаб дастболо будааст. Медея, Иокаста, Гертруда, Эмилия ва дигар нақшҳои классикиро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.
Қуллаи мавзӯии барномаи имрӯз, ба назари ман, бозгашти Марям Исоева ба нақши Модар аз асари Максим Горкий «Модар ва Темур» буд.
Ин зан барои наҷоти фарзандаш аз роҳи хатарнок мегузарад, монеаҳоро пушти сар мекунад ва билохира рӯ ба рӯи Темур қарор мегирад. Ӯ аз ҳокими ҷаҳонгир наметарсад, ба чашми ӯ рост нигоҳ карда, фарзандашро талаб мекунад.
Дар ин саҳна модар фақат “синаи раҳм” нест. Модар ба неруи муқобили зӯрӣ ва қудрат табдил меёбад. Вай силоҳ надорад, лашкар надорад, аммо тарс ҳам надорад, фақат меҳр ба фарзанд ӯро қавӣ мекунад. Ҳамин аст, ки Темур аз тахт мефарояд ва дар назди модар таслим мешавад...
Намоиши “Модар ҳастии миллат аст” танҳо аз монологҳо ё пораҳо аз намоишҳои пешини Марям Исоева иборат набуд. Дар байн шеърҳои беҳтарини бахшида ба модар дар қироати Марям Исоева садо доданд, ки бисёр муассир буданд, аз ҷумла шеъри машҳури Мирзо Турсунзода «Дили модар»:
«Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд...»
Ин шеър аз беҳтарин намунаҳои модарнома дар адабиёти тоҷик аст. Дар он модар ҳам азоби ҷангро мебинад, ҳам марги фарзандро, бо вуҷуди ин зиндагиро идома медиҳад. Ин шеър баёнгари зиндагии Марям Исоева ҳам ҳаст. Ӯ ҳам модарест, ки фарзандашро ба таври фоҷеавӣ аз даст додааст, вале аз зиндагӣ даст нашудааст...
Намоиши “Модар ҳастии миллат аст”-ро банда бо як навъ эҳсоси шефтагӣ тамошо кардам, бинобар ин, дар он ягон камбудӣ надидам. Худ дар саҳна будани Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марям Исоева, ки 7 моҳ баъд, 1 майи соли 2027 ба синни мубораки 90 мерасад, дастоварди беназир ва ифтихори бузурге аст. Ҳамин аст, эҷодкори асил, ки дар 90-солагӣ ҳам, дар фикри офаридан асту дар 100-солагӣ низ.
Марям Исоева соли гузашта низ бахшида ба 90-солагии ҳамсабақашон Тӯрахон Аҳмадхонов намоишномаи кӯдаконаро ҳамчун коргардон ба саҳна гузошта буданду дар он нақш мебозанд. Яъне синну сол ба ин зани бузург монеъа барои эҷод нест ва ин барои ҳунармандони ҷавон бояд намуна бошад.
Ин шом воқеан, Марям Исоева моро қоил кард!
Зиҳӣ модари саҳна!
Одил НОЗИР