Arzon march 2024
МОДАРКУШ (ҚИСМИ 2)
3072

       ( ИДОМААШ)                     
 Ғами нав

Хотири холаи Соҷидаву шавҳараш чун хотири мардуми тоҷик каме осуда гашта қарор доданд, ки Ҷовидро хонадор мекунанд, вале мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл гуфтагӣ барин, бародарон ин даъфа бе Ҷовид омаданд. Модар аз ин фоли бад гирифта аз гиребони яке аз писаронаш гирифта гуфт:

-Рост бигӯ, бачама куҷо кардӣ?!

-Очаҷон, Ҷовид баъдтар меояд,-нигоҳашро аз модар гурезонда ҷавоб дод ҷавон.

Гиряву дарду сӯзи модарро дида, оқибат бародарон иқрор шуданд, ки Ҷовид ҳамроҳи рафиқонаш ба фурӯши маводи мухаддир даст доштаасту ӯро ба мӯҳлати 15- сол зиндонӣ карданд. Аз чашмони модар хун меборид, акнун шабу рӯз сар аз болин намебардошт ва ҳамеша «Худоҷон, ҳоли писаракам дар он мамлакати сард, дар зиндон, миёни қавми бегона чӣ мешавад?» гӯён нолаҳои зор мекард.

Фарзандони калонӣ ҳоли зори модарро дида ҳар кадом маблағи муайяне партофта бародари калониашонро барои наҷоти Ҷовид ба Руссия фиристоданд. Раҷабалӣ назди модараш даромада дуо гирифту ваъда дод, ки то Ҷовидро озод накунаду ҳамроҳаш нагирад ба ватан барнамегардад. Модар шабу рӯз рӯи ҷонамоз дуо мекард, ки писари азизашро аз банди зиндон раҳо намояд, байни даҳ фарзанд ҷойи Ҷовид алоҳида буд, ки ин табиист, волидон ба писари кенҷагии худ меҳри хоса доранд.

     Хатти барот

Раҷабалӣ, нахустфарзанди амаки Сарахону холаи Соҷида роҳу воситаҳои зиёде кофта ба милисаҳои рус пора дода муҳлати ҷазои додарашро ду сол кард ва ду соли дароз барои дарёфти ризои модар дар Маскав кор карду ба зиндон барои Ҷовид маводи хӯрока кашонд. Оқибат дар як рӯзи сарди зимистон, ки ашк дар нуги мижгон ях мебаст, Ҷовидро аз зиндон раҳо карданд. Баъд аз гирифтани хати бароти Ҷовид бародарон то расидани баҳор дар корхонаие ба ҳайси боркаш кор карда маблағи хубе ба даст оварданду баъд ба ватан баргаштанд. Холаи Соҷида худро пеши пойи писаронаш партофта оҷизу нотавон мегиристу мегирист. Бо омадани Ҷовид ҳоли модар беҳтар гашту бо хамсараш маслиҳат карда ба келинкобӣ даромаданд. Холаи Соҷида ҳамсоядухтарашонро зери чашм карда бошад ҳам, амаки Сарахон мехост абераи амакашро келин намояд. Апааш Гулҷамол феъли бади фарзандони амакашро медонисту хост додарашро аз роҳ гардонад, аммо амаки Сарахон дар тули зиндагияш аввалин бор аз фармони апааш берун по ниҳода ба гуфтаи худаш кард.

          Келин не, вабо!

Зулҳия набераи писарамаки амаки Сарахон Хуршед буд ва аз дасти шаттоҳию ҷангара буданаш ба биступанҷ даромада харидоре надошт. Аммо амаки Сарахон барои аз нав пайваст кардани риштаҳои хешутаборӣ ба нею нестони апаашу занаш нигоҳ накарда ӯро келин кард. Зулҳия аз рӯзи аввали ба ин хона қадам ниҳоданаш ба ҳама ном монда буд. Хушдоман беваи булдозер, хусур пирхари бузриш, шавҳараш бошад туремшик унвон доштанд. Дар шаш дар хонаи баланду барҳавои хуштаъмиру пурҷиҳоз ва дорои боғу роғ худро шоҳдухтар эълон намуда лаҷоми шавхари беиродаро ба даст гирифта буд. Ҷовид ҳама ранҷу дардҳои модарро фаромӯш карда бо садои доираи занаш рақс мекард ва бо модар душман шуда буд. Нотинҷии хонаи додарро дида дили кампири Гулҷамол хун мешуд ва рӯзе хост хешдухтарашро насиҳат кунад. Ӯ ба хонаи додараш рафта Зулҳияро наздаш шинонида гуфт:-Духтарам аслан ман ризо набудам, ки Сарахон туро келин кунад, вале қисмат чунин будааст, аз байни ҳашт келини додарам танҳо ту хешӣ барои ҳамин ҳам модарро бо фарзанд душман накуну ақлатро дар ҷояш монда зиндагиятро пеш бар… Ту беваи ҷалаби намакҳаромро бобои ман калон кард, вагарна зери ришку шабушку чирк мурда мерафтӣ, барои як марди пир ҳама хубиҳои ӯро фаромӯш кардию боз ба ман насиҳат мехонӣ?! Байни гапи кампир лагат зада биддиррос зад Зулҳия, Ҷовид овози занашро шунида давида омаду тарафи амааш, ки ҳамеша пайи ободнии онҳо буд дод зад:-Эй беваи ҷалоҷин рӯзамон медиҳӣ ё не, корат ба зани ман чӣ хез дафъ шав!!! Э-илоҳи қушамаргатон бинаме гуфт бо ашки резон Гулҷамол ва дигар пой ба хонаи додараш намонд.

                       Қотили модар

Пас аз рафтани кампири Гулҷамол косаи сабри холаи Соҷида сар омаду писарашро дуо кард:- Кош дар хамон зиндон мемурдӣ, ки ин қадар беномусиятро дида хуни ҷигар намешудам. Наход аз тарси ҳамин сиёҳи баднамуд ману падарат ва аммаи ягонаатро хафа кунӣ,э-шиматро бароварда ягон эзори вайро пӯш то армонам намонад. Илоҳӣ ҷувонимарг шавӣ, Худованд зани сиёҳи баднамудат рӯи фарзанди батнашро надида аз дунё равад бо ин модару фарзандро душман карданҳояш! Ҳамин вақт Зулҳия дар дасташ калуши кӯҳнае вориди хона гашту ба сару рӯи хушдоманаш куфтан гирифт, Ҷовиди беимон бошад дар миёни модар лагати сахте куфта ӯро аз ин гӯшаи хона ба он гӯшаи хона мекашид. Зани ҳамсоя овозаи моҷароро шунида бо писаронаш дохили хона шуда ба зур ҳамсояи қадрдонашро аз зери дасти келину писари ҷоҳилаш халос намуд. Баъд амаки Сарахон, ки ба масҷид барои адои намози шом рафта буд баргашту келинҳои калонӣ низ омаданд. Холаи Соҷида ҳамсояаашро, ки солҳои сол ба ҳам мисли апаю хоҳар шуда буданд наздаш ҷеғ зада пеши ҳама ба пояш сар монда илтиҷоомез зорӣ кард:

 

-Савлатбӣ, солҳои сол нону намакхӯр будем, тамоми сиру асрорамро ба ту мегуфтам, хоҳари қиёматӣ, ҳамаи он чизи дидагиятро даруни дилат санг бандон. Ба касе нагӯй, ки Соҷидаи паҳлавонро писару келинаш зери мушту лагат гирифтанд, ки дар ду дунё намебахшамат… Келинҳо ин гапҳоро аз забони хушдомани азизашон шунида зор-зор гиристанд. Савлатбӣ пеши ҳама қасам хӯрд, ки сири апаи қиёматияшро намебарорад, аммо дар деҳа беимонии Ҷовиду Зулҳияи дузахӣ овоза шуд. Пас аз ду рӯзи ин воқеа холаи Соҷида дунёро бо сад дарду алам падруд гуфт, амаки Сарахон ҷойнамозу ҷелакҳои обшӯстаашро гирифта ба хонаи писари калонияш кӯчид. Дар хонаи як вақтҳо бозори гардони ин зану марди меҳнатӣ Зулҳияву Ҷовид чун махав зиндагӣ мекунанд, касе аз аҳли деҳа бо онҳо гап намезанад. Аммо ин ҷазо нест, фардо қотили МОДАР пеши Худои ҳамабин барои аъмоли бадаш чи ҷавоб мегуфта бошад?!

                                                                       

                    АНҶОМ!      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД