Sebiston new 2024 october
МОДАРИ ИН ТИФЛИ ХУШБАХТ КИСТ?
12406


Писари шоҳсутугни санъати тоҷик Ҷӯрабеки Мурод, ҳунармарди ҷавону пуровоза Ҷонибек Муродов соҳиби духтарчаи нозанини фатиламӯй гашт. Ин тифлаки хушпою қадам, санаи 9-уми декабр дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст.

Ҷонибек Муродов дар саҳифаи Инстаграмми хеш ба мухлисонаш аз тавллиди ин тифлаки накӯпай хабар додааст.

Аксу видеоҳое, ки ин сарояндаи машҳур гузоштааст, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Ҷонибек аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷад. Вай хонаю мошинҳоро бо завқи баланд ороиш дода, аз таваллудхона ба хона баргаштани зану фарзандашро бесаброна интизорӣ мекашад. Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи муваффақи тоҷик, ки айни ҳол дар Русия қарор дорад, дар яке аз постҳои инстаграмаш гуфтааст, ки мехоҳад барои “Зулайхо Муродова” тӯҳфаи махсус харидорӣ кунад. Маълум мешавад, ки Ҷонибек духтари нозанинашро Зулайхо ном гузоштааст.
Сабаби фарзандашро маҳз Зулайхо ном ниҳодани Ҷонибек Мурдов эҳтиром ва муҳаббаташ ба Зулайхост ё чизи дигар, маълум нест.

Дар бораи кӣ будани модари тифлак низ маълумот дода нашудааст.
Мо Ҷонибекро бо тавлиди гулдухтари фариштахисл муборакбод гуфта, ба тифлаки навзод умри дарозу пурбаракат хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД