sebiston july new
Модари фарзанди хоҳарам шудам ҚИСМИ 2
2369

 

Бо шунидани хабари тифли маъюб ба дунё овардани хоҳарам хусуру хушдоманаш дарҳол аз кӯдак рӯй гардонида гуфтанд, ки онҳо набераи инвалид доштан намехоҳанд. Шавҳараш байни обу оташ монда, чи кор краданашро намедонист, билохира ӯ ҳам зери таъсири падару модараш монда, гуфт, ки аз қисмат ҷойи гурез нест, вале ман падари як кӯдаки маъюб будан6 намехоҳам. Туро дӯст медорам, вале ин кӯдаки инвалидро қабул карда наметавонам. Волидонам розӣ нестанд, ки мо ин кӯдакро ба хона барем. Падари ман як марди бо обрӯ ва овозадор аст, агар овоза шавад, ки келинаш як кӯдаки маъюб зидааст, ҳама ба ҳолаш механданд. Сарнавишти мо ва ин кӯдак ҷудоӣ будааст, агар бо ман зиндагӣ кардан хоҳӣ, забнхат навишта аз кӯдак даст мекашӣ, баъд ман туро ба хона мебарам. Хоҳӣ ҳаимн, нахоҳӣ ҳаволаат ба худо, худат медонию ҳамин кӯдаки инвалид, ман дигар шуморо намешиносам...

Бечора хоҳарам чи кор карданашро намедонист. Вай тайёр буд, ки ба хотири фарзандаш аз баҳри шавҳараш гузарад, вале падарам ҳам ин кӯдакр қабул накарда гуфтанд, ки ман туро танҳо гуселондам, танҳо қабулат мекунам!

Сахт аст миёни печидароҳи зиндагӣ танҳо мондан. Хоҳари сарсахтам надонистани кадом роҳро интихоб намояд, аммо бо сабаби он ки на савод дошту на касбу ҳунар маҷбур шуд, ки билохира бо дили хунчакон шарти шавҳарашро қабул карда аз баҳри фарзандаш гузарад...

Ҳамин тавр забонхати падару модарашро гирифта кӯдакро ба хонаи кӯдакони маъюб супурданду хоҳарам хонаи шавҳараш рафт. Дарди модари аз фарзанд ҷудо гаштаро фақат худаш медонаду худованд, хҳараки бечораи ман ҳам гӯё як пораи вуҷудашро зӯран аз ҷисми худ канда партофту бо қалби пора-пора ба хонааш баргашт, аммо бо гузашти чанд моҳ ҳам дарду аламаш ҳеҷ кам нашуд, ки нашуд. Ҳар гоҳ ба хонааш меҳмонӣ равам, зор-зор гиря карда мегуфт, ки худванд ӯро барои аз баҳри кӯдаки маъюбаш гузаштан дар он дунё чи ҷазои сангине медода бошад...

Вақте ки хола модар мешавад...

 

Дарди фарзанди падар маро азоб медод.Медидам, ки хоҳарам ранҷ мекашад, хун мегиряд, дилам ба ҳолаш сахт месӯхт, аммо чи кор карданамро намедонистам. Аз оҳу ҳасратҳояш косаи сабрам лаблез гашта, на шаб хоб доштаму на рӯз орому қарор. Ҳамеша дар фикри хоҳарам будам. Шавҳарам дарду аламҳои маро дида, пешниҳод кард, ки биё ману ту ин кӯдакро ба фарзандхоҳӣ бигирем. Бо ҷону дил розӣ шудам ва бо қарори сӯд мо кӯдаки хҳарамро, ки акнун қариб яксола шуда буд, ба фарзандӣ гирифтем. Ҳамин тавр дар оилаи мо боз як фарзанди дигар пайдо шуда, духтарачаи хоҳарам Шукронаи маъюб нури чашмонамон гашт.

Хун мекашад, аммо...

Инак, 25 сол мешавад,ки ман модари 4 фарзандам.Соле пеш шавҳарам дунёро тарк кард.Мудом дуо мекунам, ки ҷояш биҳишт бошад, зеро барои як тифлаки маъюб, ки падари худаш ба ӯ падарӣ накард, падар шуда, дар ҳаққи Шукроҷонаҷон ғамхориҳои зиёде кард. Дар зиндагӣ ба ҳамма то метавонистам дасти хайр дароз кардам, аммо фикр мекунам, ки Шукронаи маъюбро ба фарзандӣ қабул карданамон беҳтарин хайри ману шавҳарам дар зиндагист.

Шукронаҷони мо акнну бистушаш сола шудааст. Барои ман, ки фақат се писар дштам, Шукрона духтару барои писаронам хоҳар аст. Роҳ гашта наметавонад, вале ҳар гоҳе, ки модарҷон гӯён маро садо мекунад, курта-курта гӯшт мегирам. Меболам,ки духтараке бо чунин қалби мисли барф сафед маро модар садо мекунад, вале...

Ҳар ҳафта хоҳарам ба дидорбинии Шукрона меояд.Солҳои зиёд сипарӣ гашта бошанд ҳам, т ба имрӯз вай бо гиря хонаи маро тарк мекунад.Шукрона ягон бор ӯро модар сад накардааст, вале забонаш ба хола гуфтан ҳам намегардад. Эҳсос мекунам, ки хунаш мекашад, вале гуноҳи модарашро бахшида наметавонад ё бахшидаасту ба хтири он ки дили ман наранҷад, ӯро модар намегӯяд. эҳсос мекунам, ки барояш боарзиш аст ва сахт дӯсташ дорад, аммо.... эҳ, зиндагӣ чӣ бозиҳои номардонае дорӣ....

          Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД