Sebiston new 2024 october
Модари фарзанди хоҳарам шудам
2567

 

Дар дунё нафаре нест, ки бе ғам бошад.Нест нафаре, ки дарде надошта бошад. Нест диле,ки холи аз ғаму андӯҳ бошад. Нест инсоне,ки хати қисматаш сиёҳие надошта бошад, аммо сабр аст,ки моро аз гирдоби дардҳо гузаронида ба хурсандиҳо мерасонад.

Имрӯз ман сарнавишти худ ва хоҳарамро ба шумо, муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ қисса карданиям, то ки ба дигарон дарси ибрат гардад ва дар шебу фарози зиндагӣ сабру таҳаммулро пеша намуда, аз санҷишҳои ҳаёт бигзаранд...

Хоҳарони меҳрубон

Ман зани шавҳардор ва модари 3 фарзанд ҳатсам. Шукри худо шавҳарам марди худотарс ва меҳрубон аст. Мо чандон оилаи бою бадавлат набошем ҳам, зиндагии ширин дорем ва ҳамдигарро эҳтиром пекунему ҳаётамон хуш мегузарад, вале хоҳаракам дар оилаи бою бадавлат келин шуда, ҳеҷ аз бахт наосуд. Ман то ҷое, ки метавнам хоҳарам рӯҳан дастгирӣ мекунам, вале медонам, ки захмҳои дили ӯро ба пуррагӣ малҳам гашта наметавонам, зеро дарде дорад, ки фаромӯш карданаш аслан имкон надорад ...

Арӯси бойбача

Хоҳарам аз ман 10 сол хурд ва чунн зебо аст, ки дами дидагӣ ҳавасро хӯрда боз як бори дигар ӯро дидан мехоҳад. Пӯсти барф барин сафед, қомати чун сарв расою чашмони шаҳлои хоҳарам рашки париёнро меорад, бар замми ин, аз даҳ ангушташ ҳунар меборад. Шавҳари бю бадавлаи, хонаву дари дакаданг ва зару зевари зиёде дорад хоҳарам, аммо чеҳрааш ҳамеша ғуборолуд ва дилаш аз ғам як кӯза зардоб аст...

Хҳаракам аз 16-солагиаш талабгорони зиёде дошт, вале баъди хатми мактаб падарам ӯро ба писари як дӯсти назикаш ба занӣ дод. Ҷӯраи падарам марди бообрӯ буда, давлату сарвати зиёде дошт. Ё дорам, вақте ки хоҳарамро фотиҳа карданд, ҳамма хешу табор аз шукӯҳу дороии хонаводаи домод ҳарф зада мегуфтанд, ки падари шаҳбача хонаю дари боҳашамат дорад ва давлату сарваташ он қадар зиёд аст, ки ҳаргиз тамом нашаванда. Домод бар замми бйбача буданаш ду донишгоҳи хориҷиро хатм намуда, он қадар зебо аст, ки ногуфтанӣ.

Хулоса, ҳама ба хҳарам ҳасад мебурданд, ки дар чунин оила келин шудааст ва як умр гули чизро хӯрдаю гулим чизро пӯшида шоҳона зиндагӣ хҳад кард, аммо...

Кош гуфтаҳои мардум рост мешуду хоҳари талх қисматам бо давлату сарвати шавҳараш ба хушбахтӣ мерасид, вале афсӯс, ки одам бахтро бо пулу мл харида наметавонад...

Келин не, хизматгор!

Хоҳарам аз рӯзҳои аввали ба ин хонадн келин шуданаш ба гирдоби ғаму дард афтод. Қариб ҳар рӯз дар хонаашон ҷангу ҷанҷол буд ва хушдоману хоҳарони шавҳараш барои ҷиҳози хуб набурданаш хоҳараки бечораамро ба қавли кампиракон “дар сих кашида дар оташ медоштанд”. Ҳамеша таънааш мезадаанд,ки ту як духтари камбағали почаканда ҳастӣ, падару модарат туро бе зару зевар ба шавҳар доданд ва арӯси бе қолину палос гӯён, дар назди меҳмонҳо, ҳаққу ҳамсоя ва хешу таборашон паст зада, мегуфтаанд, ки баччаамонро ҳайф кардем. Хушдоманаш мудм “ин камбағалдухтар ҳаёти писарамро сӯхт” гуфта ба дили хоҳаракам мисли мори афъи заҳр мезадааст, вале камбағалию бепулии падару модарам таънаи сараш гашта бошад ҳам, лаб зери дандон гирифта, сир бой намедодааст, зеро ӯ шавҳарашро аз рӯзи аввал дӯст дошта, хонавайрон шудан намехост. Шавҳараш ӯро тасаллӣ дода мегуфтааст, ки сабр кун, ҳаммаш нагз мешавад. Фақат модару хоҳаронам чизе, ки нагӯянд, ту лаб во накун. Ин рӯзҳо мегузарад, сабур бош, хушбахтиим ану ту ҳанӯз дар пеш аст, вале...

Тавлиди тифли маъюб ва шарти шавҳар

Хулоса, баъди як соли тӯйи арӯсиаш хоҳарам ҳомиладор шуд. Умедвор буд, ки шояд муносибати пайвандони шавҳараш баъди тавлиди тифл бо ӯ беҳтар мешавад, аммо ждереғ, ки нек нагашту бадтар шуд. Хоҳараки сарсахтамро саҳар ба таваллудхона бурданду соати дуи шаб духтарча таваллуд кард, аммо ба бахти бадаш кӯдак маъюб ба дунё омад.Тифли зебои ҳама ҷояш бутун, вале пойҳояш беҳаракат буданд.

(ДАВОМ ДОРАД)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД