Айбдоркунандаи давлатӣ талаб кардааст, ки Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақаби “Дилшод С.Б.” ба 14 соли зиндон маҳкум карда шавад.
Ёдрас мешавем, ки Дилшод Саидмуродов, шахси асосӣ ва созмондиҳандаи одамрабоӣ ва куштори муовини раиси Ориёнбонк Шӯҳрат Исматуллоев буда, моҳи марти соли ҷорӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Модари Дилшод Саидмуродов-Соҷида Саидмуродова моҳи сентябри соли 2023 бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд. Дар парвандаи Саидмуродова баъдан боз чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ аз қабили ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он; сохтакорӣ, тайёр кардан ё фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, мукофотҳои давлатӣ, штамп, мӯҳр, монеъ шудан ба адолати судӣ, илова карда шуд. Дар ин бора “Озодӣ” хабар додааст.