goodwell
Модари ҷаҳонпаҳлавон Дилшод Назаров аз олам гузашт
20.10.2026
Оила
85

 Модари варзишгари номдори тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров аз олам даргузашт.

Тавре ки як манбаъи наздик ба ин хонавода зимни суҳбат бо мо гуфт, модари паҳлавон чанд вақт боз аз бемории саратон азият мекашид. Дилшод Назаров барои аз чанги беморӣ раҳоӣ бахшидани модар талошҳои зиёда намуда бошад ҳам, табибон натавонистанд ҷони модарро аз панҷаи гирои марг раҳоӣ бубахшанд.

Аҳли эҷоди сомонаи Oila. tj ба Дилшод Назаров ва дигар пайвандони марҳум изҳори ҳамдарӣ намуда, дар таҳамули ин фоҷиа барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Рӯҳи модар шод ва ҷояшон ҷаннати ҷовидон бошад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД