Sebiston new 2024 october
МОДАРАМ «ҶӮРАҲО»-ЯШРО БА ХОНА ОВАРДУ…
29.08.2020
Р. Азимӣ
6274

 

Модарам бо ду- се марди нашъаҷаллоб сару кор дошт. Аксар вақт «ҷӯраҳо»-и модарам шабро дар хонаи мо саҳар мекарданд. Боре омад кардани як амалиёташонро шустанӣ шуда базм оростанд. Модарам ба ман амр кард, ки ду-се хел хӯрок пазам.

Вақте ки хӯроки сеюмро кашида овардам, ҳама «ҷӯраҳо»-и модарам аллакай масти лояқил буданд. Баробари аз дари меҳмонхона даромаданам яке аз онҳо чанг зада аз банди поям дошт ва мастона пурсид: «Ин химчамиён дар ин ҷо чӣ кор мекунад? Модарам ба ҷойи адаби он меҳмони беадабро додан «ин духтари ман, аз шӯйи раҳматиам» гӯён, нозу ишва кард. «Арӯси ман шавад, аз сараш тилло мерезам» гӯён, он марди маст базӯр аз ҷояш бархоста маро ба оғӯш кашиданӣ шуд. Бо ғазаб ӯро тела зада аз худ дур кардаму табақро бо қаҳр ба рӯйи дастурхон гузошта аз дар баромадам.

Меҳмони шилқин аз пасам ба ошхона омад. Косаву табақҳоро чаппагардон карда, маро ба чанг овардан мехост. Гиря карда модарамро ба ёрӣ ҷеғ задам. Ба ҷойи ба имдоди ман расидан модарам «натарс, вай маст аст, аз дасташ ягон кор намеояд, фақат як бӯса мекунаду халос» гӯён механдид. Аз бепарвоии модарам истифода бурда меҳмони буққааш махкам аз банди дастам дошта маро ба хонаи хоб кашола кард. Гиряву зорикунон аз модарам илтиҷо менамудам, ки маро аз чанголи ин гург халос кунад. «Духтарам, ба тақдират тан деҳ, ин кас чизеро таги чашм кунанд, ҳеҷ кас сади роҳашон гашта наметавонад»,-ин охирин сухани модарам буд, ки баъди пӯшида шудани дари хонаи хоб ба гӯшам расид. Умедамро ба тамом аз зиндагӣ кандам.

Меҳмони маст гургона либосҳоямро дар танам пора-пора карда девонавор маро бӯсаборон мекард. Бӯйи бади даҳонаш ба машомам расида, дилам беҳузур шуд. «Маро сар деҳ, бузи пир» гӯён, фарёд задам. Даҳонамро бо кафи дасташ пӯшонда маро зӯран таҷовуз карданӣ шуд. Ҳамин вақт чашмам баногоҳ ба шишаи арақи дар як канори кати хоб рӯйи мизча гузошташуда афтид. Ҷонҳавл шишаро аз болои мизча бардоштаму бо тамоми қувват ба сари таҷовузкор задам. Фиғони талхе кашида ба замин афтид. Хунаш мисли фаввора шорида дар як дам қолину рӯйҷоро гулгун кард. Сахт тарсида тозон аз дар баромадам. Ҳаммаслаконаш ӯро ба беморхона бурданд.

Аз одами бад аҷал ҳам безор будааст, намурд бадзот. Баъди ба худ омадан вай аз болои ман ба милиса шикоят кард. Маро ба муҳлати ҳашт сол зиндонӣ намуданд. Дар зиндон фаҳмидам, ки баъди ҳабс шудани ман нашъаҷаллобиашон фош гашта он фосиқ, ки модарам ва дигарон «раис» мегуфтандаш, ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст. Худованд ҷазои бадхоҳи маро дод. Аз «раис» дида ман аз модарам бештар хафаам, чунки модар шуда, вай бо майли худ маро ба оғӯши он гурги дупо партофт, то соҳиби пулу мол шавад. Гуноҳатро дар ду дунё намебахшам, оча!

Ҳумайро, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД