Нилуфар ном дораму 19 - сола ҳастам. Як сол пеш бо розигии модарам бо писари дугонаш хонадор шуда будам.
Тамоми духтарон бо ҳазорон орзуву ҳавас мехоҳанд ба хонаи бахт қадам зада, маҳзани хушбахтиро дарёбанд, вале баъзан атрофиён ба ширинии зиндагӣ заҳр пошида, байни зану шавҳар оташи ҷангро аланга медиҳанд.
Шавҳарам ба қавле ситорааш бо ситораи ман рост наомад. Хушдоманам бошад, мудом неш мезаду ба ҳафт пуштам дашном дода, ноуҳдаборову хоболудам меномид. Сад бор хизматашро кунам ҳам, дар чашмаш наменамуд. Ҳамин, ки каме айб ёфт, дар сарам чормағз мешикаст. Ҳамеша дамам дар дарун мегаштам.
Модарам ба аёдатам омада, заррае аз аҳволам бохабар намешуд. Мудом ба гапи дугонааш гӯш дода, дар пеши чашми қайсингилҳоям маро дашном дода, “Ноқобил, бетарбия, 18 сол калон карда, ба сарм бало харидам” мегуфту қадрамро ба ду танга баробар мекард. Гириста - гириста корҳои хонаро ба анҷом мерасонидам, вале нафаре намеёфтам, ки дарди дил карда, худро ором кунам.
Як бюори омадан “Духтари ман ба аммаҳояш рафтагӣ. Хуни кӯчагардиву бачабозӣ кам - кам дар дилаш ҳаст. Домод суст намону лаҷоми забони занатро сахтакак кашида мон”, - ин суханони модарамро, ки рӯ ба рӯи шавҳарам истода, гап мезад, бо гӯшҳоям шунида, хун ба сарам зад. Шавҳарам шерак шуда, “Майлаш холаҷон, лаҷомаш он тараф истад, пашми сарашро қабза – қабза меканам” гуфт.
Модарам рафту ҳоли ман табоҳтар шуд. Шавҳарам маро ба саҳро бурда, кор мефармуду хушдоманам ба болои сарам дарзаи алафро бор карда, сӯи хона мефиристод. Ҳатто маҷбур мекарданд, ки дарзаи алафҳои боғашонро якто - якто кашида, ба хона орам.
Барои арӯсаки 4 - моҳа мушкил аст, вақте мардум ангушт сӯят бурда, “бечора арӯсак хор шуд” гуфта дилсӯзӣ мекунанд. Агар ман падар медоштам, шояд ӯ дарди диламро шунида, маро аз ин дӯзах раҳо мекард ва ҳеҷ гоҳ намегузошт, ки модарам ин қадар ба ҷонам ҷабр карда, қадри маро пеши ҳар касу нокас паст намояд.
Худо кунаду ба хонаи модарам ягон гапро барам, зуд ба хушдоманам занг зада мегӯяд, ки духтарам шуморо ҳар гап мегӯяд. Нагузоред, ки ба хонаи мо зуд - зуд омада, аз зиндагияш назди хоҳаронаш нақл кунад. Пас аз ин суханон забони хушдоманам дароз мегашт ва ба сарам даст мебардоштагӣ шуд.
Дигар заррае қадрам намондааст. Шавҳарам ба рӯям туф мекунад, хушдоманам бо лагад ба сару рӯям мезанад, қайсингилҳоям бошанд, мисли латтаи дар истифодаам намуда, хизматгори хонаашон карда мондаанд.
Маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Айни ҳол ба ҷуз худкушӣ кардан дигар фикре ба сарам намеояд. Аз модарам бӯи умед надорам, аз дунё сер шудаам.
Нилуфар,
н. Варзоб