arzon replenishment
Модар духтари 5-солаашро кушта, баъд даст ба худкушӣ зад ё...?
3532

Ҷисми бе ҷони кӯдаки 5-соларо аз манзили зисташон пайдо намуданд. Дар гардани духтарчаи ғуррамарг нишонаҳои марги маҷбурӣ баръало ба назар мерасиданд. Маълум буд, ки кадом як даррандаи одамсурат кӯдаки маъсумро бӯғӣ карда куштааст, вале кист қотиле, ки даст ба куштори як тифли бегуноҳ задааст?
Ин ҳодисаи даҳшатнок дирӯз рӯй дода, кормандни мақомоти тафтишотӣ ҷасади сарду карахти як кӯдаки маъсумро аз манзили зисташон пайдо намуданд. Дар бадани духтарчаи ноком нишонаҳои марги маҷбурӣ ба назар расида, аз он гувоҳӣ медоданд, ки ин тифли бегуноҳро касе бӯғӣ карда куштааст, вале чизе, ки фоҷиаро боз ҳам печидатар кард, пайдо шудани ҷисми бе ҷони модари духтарча буд.
Ҷисми бе ҷон ва дар хуну халаф ғарқи зан каме дуртар аз даромадгоҳи бинои истиқоматиашон дар рӯйи замин мехобид.
Дар бадани шикаставу абгори зан аломатҳои афтодан аз баландӣ ба назар расида, тахмин меравад, ки ҷавонзан худро аз баландӣ ба замин партофта, ба ҳалокат расидааст, вале...
Айни замон ду андеша вуҷуд дорад: зан духтарчаашро кушта, баъдан даст ба худкушӣ задаст ва ё кадом як ҷинояткори сангдил аввал кӯдакро бӯғӣ карда, баъдан модарашро аз тиреза ба замин ҳаво додааст.
Ба иттилоъи РИА-Новости ин ҳодисаи нохуш дирӯз дар кӯчаи Барисовои Красноярск рӯй дода, кормандони мақомоти тафтишотӣ бо далели куштори ду нафар, ки яке аз онҳо ноболиғ буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, аллакай парвандаи ҷиноӣ оғоз намудаанд. Муфаттишон бо хешу табор, ҳаққу ҳамсояҳо ва дигар шоҳидон сӯҳбат намуда, сабабҳои ҳодисаро муайян ва гунаҳкори марги ин духтарчаи 5-соларо ҷустуҷӯ хоҳанд кард.
Вақтҳои охир ҳодисаҳои нангини фарзандкушию худкушии занон дар кишварҳои пасошӯравӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Чанд рӯз қабл дар шаҳри Алма-атои Қазоқистон Бахтигул ном ҷавонзани туркман, ки ҳамроҳи шавҳар ва аҳли оилааш аз Туркманистон ба Қазқистон рафта буд, се кӯдаки хурдсолашро аз ошёнаи 9-ум ба замин партофта, баъдан даст ба худкушӣ зад. Сабаби фарзандкушию худкушии ин зан, тибқи гуфтаҳои шоҳидон дар хиёнати падари фарзандонаш буда, маъшуқаи шавҳараш мудом ба хонаашон занг зада, Бахтигулро таҳқир мекардааст. Рашк ва алам оромиши рӯҳию равонии занро барҳам зада, оқибат Бахтигулро то фарзандкушию худкушӣ расонидааст.
Дар Тоҷикистон низ тӯли солҳои охир чандин ҳодисаҳои нангини худкушию фарзандкушии модарон ба вуқуъ пайваста, ҷомеаро такон доданд.
Таҳлили ин ҳодисаҳои нохуш аз н гувоҳӣ медиҳад, ки дар бештари ҳолатҳо занон бо сабаби хушунату зӯроварии хонаводагӣ, занбозӣ ё дузанагии шавҳар, дахолати хусуру хушдоман ва додаршӯю хоҳаршӯй ба зиндагии ҷавонон ва оҷиз мондан дар назди мушкилоти гуногуне, ки ба сарашон меояд, бо дасти худ кӯдаконашонро ба ҳалокат расонида, баъдан худкушӣ мекунанд.
Ин ҳодисаҳо аз афзоиши хушунату зӯроварии хонаводагӣ ва торафт коста шудани маърифати рӯзгордории мардум, хоса насли нисбатан ҷавон дарак медиҳанд ва барои минбаъд пешгирӣ намудани чунин фоҷиаҳо тамоми ҷомеа бояд сар аз як гиребон барварда, бо падидаҳои нангини фарзандкушию худкушӣ ва дигар ҷиноятҳои хунину вазнини хонаводагӣ мубориза баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД