Sebiston new 2024 october
МОДАР ДАР РӮЗИ ТӮЙ БА САРИ ДОМОД ҚАНД ПОШИДУ МУРД
8030

 

Ашки модар

Бибибгул ба духтараш Нигора, ки куртаву рӯймоли арусї ба бар карда буд, бо муҳаббат нигариста, аз таҳи дил хурсандї мекард. Модари хушбахт аз чеҳраи зебову мисли гули садбарги Нигора бӯйиду беихтиёр аз чашмонаш қатраҳои ашк ҷорї шуда, ба рӯйи рухсораҳояш шориданд. Шавҳари раҳматиаш Мурод, ки бисёр мехост тӯйи арӯсии духтари яккаву ягонаашро бубинад, ба ёдаш расиду дилаш ҳавзи хун гашт.

Нигора ҳамагӣ шаш моҳа буд, ки падараш Муродро ноҷавонмардони яроқбадаст куштанд. Он шаби наҳс Мурод ягонаи қурбонии ин ваҳшиён нагашт, қатори падари Нигора боз шаш ҷавони бегуноҳро кушта, занонро бешавҳар, фарзандонро бепадар ва падару модаронро ҷигархуну синачок карданд, лаънатиҳо. Пагоҳии ҳамон рӯз мардуми деҳаи хурду зебои Гулистон тобути ҳафт ҷавонпаҳлавони оғӯштаи хунро ба хок супориданд. Дар оилаи Муродино он рӯз гӯё қисмат қоим шуд. Зани ҷавону се тифли хурд ятим монда, хоҳару бародарони Мурод нолон гиребони ғам чок мекарданд. Абдулло он вақт панҷ сола, Раҳмон се солаву Нигора ҳамагї шаш моҳа дар гаҳвора буд. Тифлак буд, Нигора ва аз ғуссаю ғами дунё бехабар дам мегиристу даме механдид. Аз куҷо медонист, ки падари ҷавону меҳрубонашро мебаранд ва як умр аз меҳрубонию оғӯши гарми падар маҳрум мегардад.

Бевазани мардонадил

Пас аз марги шавҳараш Бибигули нохондаву хонашин хеле азоб кашид. Тарбияи се тифли ноболиғ, хӯрондану пӯшондани онҳо кори осон набуд. Ба ҳазорҳо мушкилӣ дар набард шуда, модари ҷивои умрашро сарфи тарбияи се фарзандаш карда, худаш нахӯрда, онҳоро хӯронд, онҳоро пӯшонд ва ҷигарбандонашро ба қавле одам кард. Бибигул фарзандонашро соҳибмаълумот намуд, то дар зиндагӣ азоб накашанд.

Духтар арӯси серхаридор

Нигора омӯзишгоҳи тиббии пойтахтро аъло хатм кард. Касбаш момодаягї. Акнун дили модар пур буд, ки духтараш соҳибкасб аст ва дар куҷое, ки шавҳар накунад нонашро соҳиб шуда, дар намемонад. Хостгорони зиёде дари хонаашонро ба қавле «охурча» карда буданд, вале насибаш ба ҷавони соҳибмаълумоте аз деҳаи ҳамсояқишлоқ будааст ва Нигораро ба ӯ фотеҳа карданд. Падару модари домод-Каримҷон, омӯзгор ва яке аз оилаҳои намунавии қишлоқ ба ҳисоб мерафтанд. Модари домод Ҳадисахон омӯзгори фанни забон адабиёти тоҷик буда, худаш келинашро интихоб карда маъқул донист. Каримҷон медонист, ки модар барои ӯ ҳамсари беҳтаринро интихоб мекунад, аз ин рӯ, хуш кардаи модарро бо ҷону дил қабул кард.

Чойгаштак

Тӯёнаи арӯсро оварда тӯйро сар карданд. Як рӯз пеш аз базми никоҳи Нигораю Каримҷон дар хонаи арӯс чойгаштак барпо гашт. Падару модари домод ҳамроҳи як гурӯҳ хешу таборони наздикаш ба хонаи арӯс омаданд. Чодари арӯсӣ духтанд, рақсу бозӣ карданд ва зиёфатро хӯрда, бо дили шод ба хонаашон баргаштанд. Хусуру хушдомани ояндаи Нигора ҳангоми хайрухуш наздикони арӯсро ба тӯй хонаи худашон таклиф карда, ҳазлу шӯхикунон баромада рафтанд.

Мувофиқи ваъда бояд тарафи домод соатҳои ёздаҳи рӯз бо корвони мошинҳо омада, арӯсро барои аз қайди никоҳ гузарондан ва ба тамошои шаҳр мебурданд.

Арӯсаки париваш

Арӯсу дугонаҳояш аз субҳи содиқ ба ин маросими тантанавӣ тайёрӣ медиданд. Гесувони Нигораро тоб дода, чашму абрӯвонашро орою торо доданду куртаи сафеди арӯсиву фаттаи зебоеро пӯшонданд. Арӯс аз парӣ ҳам зеботар шуда, ҳамроҳи дугонаҳояш мунтазири домоди хушрӯй менишаст.

Модари пурорзу

Бибигул ба Нигораи дар либоси арӯсї назаррабо бо ҳавас нигариста ашки шодии дар чашмоаш ҳалқазадаро поккунон худоро шукр мегуфт, ки ӯро ба ин рӯзи мурод расонд. Падараш зинда набошад ҳам, хешу табор, хоса чор амаку амаҳои меҳрубони фарзандонаш нагузоштанд, ки Нигора аз чизе танқисӣ кашад. Барояш чунон ҷиҳози зебо хариданд, ки ҳуши ҳамсояҳоро мебурд. Гарнитури хориҷӣ, яхдону телевизор, мошини ҷомашӯйию дарздузӣ, зару зевари зебо, аз чизе камбуди надорад. Нигораи арӯсакаш. Барои домоди азизу ҷӯраҳояш аллакай дар дег кабоб дам партофта, дастурхони пурнозу неъмат ороста буд. Бибигул бо дили саршори орзую ҳавасҳои ширин омадани домодро интизорї мекашид, вале…

Шодимарг

Модари домод Ҳадисахон бо сад орзуву ҳавас барои овардани келинаш мошини «Лимузин» киро кард. Мошинро бо гулҳои рангоранг орову торо доданд. Пеш аз гусел кардани писараш Ҳадисахон дар як лаълии калон шириниву пул гирифта, ба сари Каримҷон пошид. Модари пурормон ин лаҳзаро кайҳо боз интизор буд. «Дар тани Каримҷон либоси домодиро бубинам, баъд мурам ҳам, дигар ормон надорам», мегуфт Ҳадисахон ба хешу табор. Модар ба орзуяш расид ва дар рӯзи мурод ба сари писараш қанду пул пошида, аз пешонии Каримҷони шиму костюми домоди пӯшида, бо меҳр бӯсид. Хурду калон мағалкунон ба мурод қанду пулҳои аз сари домод рехтаро мечиданд, то фарзандону набераҳояшон ба чунин рӯзи мурод расида, домоду арӯс шаванд.

Ҳамин вақт чашми Каримҷон ба модараш афтид ва дид, ки лаълии холи дар даст сарашро рӯйи «Лимузин» гузоштааст. Дилаш аз пешомади ногуворе дарак доду тозон рафта, сари модарро бардошт, вале… Модари пурармон аллакай мурда буд. Қалби нозуку дарманди Ҳадисахон шодии зиёдро дар худ ғунҷонида натавониста, аз кор монда буд. Кори худро бинед, ки дар як лаҳза тӯйхона ба мотамхона мубаддал гашт.

Тӯйи бе доира

Се рӯзи баъди фавти модари домод Нигораро бе суруду мусиқї ба хонаи Каримҷон оварданд. Нигора, ки хушдоманашро ҳамагї якбор дар рӯзи фотеҳашавиашон бо Каримҷон дида буд, акси модаршӯяшро бо меҳр ба оғӯш гирифта мегирист. Аз рухсораҳояш бо муҳаббат бӯсидани Ҳадисахон ба ёдаш расида, дили арӯсаки берӯзӣ барои хушдомани номуродаш хун мегирист. Пас аз адои намозҳояш ба руҳу арвоҳи модаршӯяш ду ракат намозу фотеҳа мехонд, арӯсак ва бо чашмони ашкбор аз рӯйи ҷойнамоз мехест.

Давоми умри бибӣ

Баъди як соли хонадори Каримҷону Нигора соҳиби духтарчаи дӯстрӯяк шуданд, ба тифлакашон номи модари ормонӣ-Ҳадисахонро гузоштанд. Ҳоло аҳли оила бо муҳаббат духтарчаи Каримҷону Нигора Ҳадисаро, ки давоми умри бибист, модараш «онаҷон»-гӯён меҳрубонӣ мекунанд.

Р/С Ин воқеаи Ҳадиса дар яке аз деҳаҳои назди пойтахт рӯй дода буд. Аҳли деҳа то имрӯз даст ба гиребон гирифта, ин воқеаро ба ёд меоранд.

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД