Formula novemver 2024
БИБӢ ДАР ПИРӢ САҒЕРАБОН ШУДУ...
18.12.2020
Р. Азимӣ
3037



Салом хонандагони азизи “Оила”! Ман- хонандаи ҳамешагии шумо сарнавишти як зани дар нафақабударо, ки солиёни зиёд аз ғаму ғусса дарунаш пур шудааст, қисса кардан мехоҳам.

Ин модар нафақахӯр буда, чаҳор набераи ноболиғро ба воя расонида истодааст. Ба гуфтаи зан, писари ягонааш, ки ягона ноновари хонавода буд, дар Россия ваҳшиёна кушта шуд ва модари кӯдакон чор тифли зиндаятимашро партофта, аз нав оиладор шуда, тарки эшон намудааст.

Модари ҷигарсӯхта то ба ҳол аз фироқи фарзанди муҳоҷираш, ки ягона қуввати ӯ буд, месӯзаду мегиряд. Набераҳояшро зери қаноти худ гирифта, дар як хонае, ки ба вайрона монанд аст, иҷора мешинад. Ҳатто нони хӯрдан намеёбанд. То ба кай дастнигари ҳамсояҳо мегарданд, то ба кай интизор мешаванд, ки нафаре аз дарашон як коса хӯроку як дона нон мефиристад. Ашки чашмони ин модарро дида, дилу ҷигари кас месӯзад.

Аҳволашон ниҳоят бад аст, бовар кунед!

Хонандагони азизи “Оила”, агар имконият бошад, лутфан оиди ҳаёти вазнини ин модари ҷигарсӯхта бетараф набошед. Шояд бо кӯмаку дастгирии шумо ин модар бо наберагонаш аз нон серу соҳиби манзили шахсӣ хоҳад гашт. Барои маълумоти пурра метавонед ба рақами телефони 770- 070-789 занг зада, маълумоти бештар гиред. Қаблан аз шумо сипосгузорам.
Бо эхтиром, Рухшона

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД