new banner new years
Моҷарои зиндагии як зани бекасакӯйи тоҷик
01.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1059

 

Холиса Расулова сокини кӯчаи Саҳбо 576/1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буда, рӯзгори пуршебу фарозе дорад. Ин зан бо 3 фарзанди хурдсолаш ҳаёти талху сангинеро ба сар мебарад. Душвориҳои зиндагӣ Холисаро маҷбур кардааст, ки дари идораи сомонаи “Оила tj”-ро куфта, дар ҳалли мушкилоташ мадад пурсад. Мо достони зиндагии пурталотуми Холисаро аз забони худаш манзури шумо месозем ва умедворем, ки нисбати тақдири ин зани азияткашида ва 3 кӯдаки хурдсолаш бетараф намемонед ва дасти меҳру шафқат ба сӯяшон дароз мекунед.

Аламҳои ятимӣ

Мегӯянд сағера аз азал сарсахт меояд. Ман ҳанӯз дар батни модар 7-моҳа будам, ки падарам аз олам гузаштааст. Модарам баъди ба дунё омадани мани сарсахту берӯзӣ ба як марди солхӯрда ба шавҳар баромада, маро дар тарбияи зани тағоям гузошта рафтааст.

Дар ҳамсоягии янгаам зани амакашон зиндагӣ мекард. Синну соли ин зан ба ҷое расида бошад ҳам, фарзанд надоштааст. Ҳамин зани дар ҳасрати фарзанд сӯхта ба назди янгаам омада, мегӯяд, ки шумо худатон 6 фарзанд доред, хӯрондану пӯшондан ва парастории як хона кӯдак хеле мушкил аст, агар розӣ бошед, ҳамин духтарчаи хоҳаршӯятро ба ман ба фарзандӣ диҳед. Тағову янгаам маслиҳат карда, ба хулосае меоянд, ки қабул кардани пешниҳоди кампир беҳтар аст ва маро ба ин оилаи бе фарзанд медиҳанд.

Модари 85-сола

Ҳамин тавр, мани хурдсол соҳиби модари 85-сола шудам. Вақте каме калонтар ва мактабхон шудам, кӯдакон ба ҳолам механдиданд, ки қомати модари ту мисли камон хам задааст. Ҳайрон мешудам, ки чаро падару модарони ҳамаи дугонаҳоям ҷавону зебоянду волидони ман ин қадар тез пир шуда, базӯр-базӯр роҳ мегарданд. Ҳар гоҳ, ки инро аз модарам мепурсидам, сари маро сила карда, бо чашмони пур аз ашк мегуфтанд, ки “Худо дар дами пириамон туро ба мо дод, духтарам!”

Онҳо сирри фарзандхонд буданамро ҳамеша аз ман пинҳон медоштанд. Ягон бор дар бораи он, ки падарам аз олам гузаштаасту модарам шавҳари дигар карда, маро партофта рафтааст, даҳон намекушоданд, вале...

Духтари камбағал

Азбаски падару модарам хеле куҳансол буданд, қуввату мадори дар ягон ҷо кор карданро надоштанд. Онҳо зиндагии худро бо пули ночизи нафақаашон пеш мебурданд. Мо бисёр камбағалона умр ба сар мебурдем ва ман маҷбур будам, ки аз хурдсолӣ ба ҷойи дарс хондану илму донишро аз худ намудан, ба қадри тавони худ ба падару модарам ёрӣ расонам. Модарам говро меҷӯшид ва ман ба ҷои мактаб ба ширфурӯшӣ мерафтам. Ҳамин тавр, бе савод мондам.

Сирри фошгашта

Солҳо турнасон гузаштанд ва ман ба камол расида, духтари хушқаду зебое гаштам. Дар ин миён падарам, яъне шавҳари зане, ки маро калон кардааст, аз олам гузашт. Аҳволи модарам низ бад шудан гирифт, зеро синну солаш аллакай аз 100 гузашта буд. Наздик будани маргашро эҳсос намуда, вай хонаашро дар шоҳидии ҳамсояҳо ба ман васият намуд ва аз идораи нотариалӣ одам ҷеғ зада, хоҳиш кард, ки васиятнома тартиб диҳанд. Пас аз тахт кардани ҳуҷҷатҳо маро наздаш шинонда, сирри солҳо дар умқи дил пинҳон кардаашро кушода гуфт, ки дар асл ӯ модари ман нест ва номи занеро, ки маро ба дунё овардааст, ошкор намуд.

Вақте фаҳмидам, ки зани солҳои дароз ба назарам тамоман бегона, ки аз рӯйи таомул хола мегуфтам, дар асл модарам будааст, ҳуш аз сарам парид. Аламам омад, ки ба хотири як мӯйсафед шуда, модарам маро партофта рафтааст, вале ӯро низ фаҳмидан мумкин буд, чунки на савод дошт, на касбу ҳунар ва на ҷое барои сарашро панаҳ карда зистан.

Моҷарои ҳуҷҷатҳои ғайбзада

Синну солам ба арӯсӣ расида буд. Азбаски ҳамчун ятим номнавис шуда будам, аз ҷониби давлат тӯй карда, ман ва чанд ятими дигарро хонадор карданд. Мувофиқи нақша баъди бастани ақди никоҳ бояд ба мо хона медоданд ва барои ин ҳуҷҷати қайди ҷойи истиқомат лозим буд, аммо ҳуҷҷатҳои хонаи модархондам, ки дар қайди он хона будам, якбора ғайб заданд. Як ҷияни кампир замони донишҷӯияш бо мо зиндагӣ мекард ва модарам пай бурд, ки ҳуҷҷатҳои хонаро ӯ бурдааст.

Хулласи калом, бо сабабаи ғайб задани ҳуҷҷатҳо ман сари вақт ҳуҷҷатҳоямро тахт карда натавонистам ва хонаи давлатиеро, ки бояд баъди тӯй ба ман медоданд, ба каси дигар доданд.

Арӯси бе ҷиҳоз

Ҳар як духтар мехоҳад, ки тӯйи бодабдаба ороста, орзую ҳавасҳои худро бубинад, вале ман ба ҷуз як тӯйи аз ҷониби давлат гузаронидашуда дигар дар ҳаёт чизе надидам. Мо фақат ЗАГС кардем ва ҳамин тавр, таги як курта ба хонаи шавҳарам рафтам. Хушдоманам ҳамеша барои бе ҷиҳоз омаданам маро таъна мезад ва писарашро сарзаниш мекард, ки як духтари бесоҳиб ва аслу насабро ба занӣ гирифтааст. Дар ин миён ҳоли модархондам тамоман бад шуд ва ману шавҳарам ба Душанбе омадем, то ӯро нигоҳубин кунем.

Пуламро деҳ ё хонаро холӣ кун!

Модархондам дар синни 103-солагӣ аз олам гузашт. Баъди сари кампир ҷиянаш, ҳамон писари додараш, ки замони донишҷӯияш дар хонаи мо зиндагӣ мекард, ҳамроҳи падараш ба сари ман омаданд, ки хонаро холӣ кунам. Ҷияни модархондам ҳуҷҷатҳои хонаро ҳамон вақт бо худ бурда, худашро сардори оила гузаронида будааст. Мегӯяд, ки барои ин кор пули зиёде сарф кардааст. Аввал 3 ҳазор доллар талаб кард, гуфтам, ки ин қадар пул надорам, баъд ҳазор доллар деҳ гуфт, вале ман умуман пул надоштам. Ҳоло гуфта истодааст, ки 5 ҳазор сомонӣ медиҳӣ ё хонаро холӣ кун, мо онро таъмир карда мефурӯшем. Ба чандин идораҳо муроҷиат карда, васиятномаи модархондамро пешниҳод кардам, вале тарафи ӯро гирифта истодаанд. Ба куҷо рафтану чӣ кор карданамро намедонам.

Бо 3 кӯдак ба куҷо равам?

Хонае, ки аз модархондам мерос мондааст, бисёр куҳнаю фарсуда буда, ягон шароит надорад. Дару тирезаҳояш шикастагӣ, боми хона мечакад. Сел борад, хонаҳо пур аз лойоба мешаванд. Шабҳоро бо тарс саҳар мекунам, ки мабодо ин хонаи фарсуда дар сари кӯдаконам чаппа шуда, дар таги девор намонанд. Ҳаммом ва ошхона надорад. Кӯдаконамро дар берун оббозӣ медоронам. Бачаҳоямро масхара мекунанд, ки хонаҳои шумо гаштагию рехтагию фарсуда аст. Сару либоси куҳнаи мардумро ба фарзандонам мепӯшонам. Шароити зиндагии мо бениҳоят вазнин аст, баъзан нони серӣ намеёбем. Ҳоле, ки мо дорем, бо сухан тасвир карда намешавад, инро бо чашми худ бубинед, баъд мефаҳмед, ки шароити зиндагии мо чӣ қадар сахту сангину душвор аст. Духтарам касалии дил дорад, шавҳарам низ чанд сол боз бемор аст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳар рӯз ҷияни кампири модархондам бо падараш ба сарам омада, талаб карда истодаанд, ки хонаро холӣ кунам, онҳо онро таъмир карда мефурӯшанд.

Дар вақташ модархондам хонаро ба номи ман васият карда, дар шоҳидии ҳамсояҳо ҳуҷҷати васиятномаро нотариус тартиб дода буд, вале имрӯз маро аз хонае, ки модархондам ба ман мерос гузоштааст, берун кардан мехоҳанд. Мани ятим падар надорам, модарам дар кӯдакӣ аз баҳрам гузаштааст, акнун бо 3 фарзанди хурдсол дар ин фасли сард ба куҷо равам? Илтимос, ба мани дар гирдоби зиндагӣ афтода дасти ёрӣ дароз намоед!

Холисаи дармонда

P.S. Шахсоне, ки ба Холиса ва фарзандонаш кӯмак кардан мехоҳанд, хайрияи худро ба корти Душанбе Сити 9762 0001 5219 8601 гузаронанд. Корт бо рақами телефони 93-814-49-94 пайванд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД