Гӯшти моҳӣ ба рӯйхати ғизои парҳезӣ дохил мешавад. Имрӯзҳо, ки фарбеҳшавӣ дар ҷаҳон масъалаи доғ аст, истеъмоли моҳӣ барои кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд.
Гӯшти моҳӣ дар таркибаш сафеда, аминокислота, йод, фтор, калтсий, марганес, синк, селен, оҳан, магний, фосфор, бром, витаминҳои A, D, F, E, С, PP ва дигар ғизоҳои фоидаовари табиӣ дорад, ки сабаби расогии ақл, пешрафти зеҳн, беҳтар шудани биноии чашм гардида, пешгирикунандаи хушкии пӯст мебошад. Ин витаминҳо ба зебо нигоҳ доштани зоҳир ва солимиву дарозумрии инсон мусоидат менамоянд.
Ба гуфтаи табибон, гӯшти моҳӣ ҳуҷайраҳои пӯсти чеҳраро ҷавон ва зебову таранг нигоҳ медорад. Он тамоми касалиҳои меъда ва фарбеҳшавиро пешгирӣ менамояд. Дар илми тиб исбот шудааст, ки моҳӣ масунияти (иммунитети) баданро боло мебардорад, хусусан тухми моҳӣ (икра) барои пешгирӣ ва ҳатто барои табобати касалиҳои қанд, гурда ва фарбеҳшавии бемеъёр айни муддао буда, боиси мустаҳкамшавии мушакҳои дил мегардад.
Тавре мутахассисон изҳор медоранд, кислотаҳои равғании Омега-3, ки дар таркиби моҳӣ мавҷуд ҳастанд, саломатии дил ва майнаро нигоҳ медоранд. Организми инсон тавоноии ҳосилкунии омега-3-ро надорад, барои ин ҳам мо бояд онро аз ғизо дарёфт намоем. Ҳамзамон гӯшти моҳӣ нисбат ба гӯшти гов ва паранда зуд ҳазм шуда, организм онро тезтар аз худ менамояд.
Хӯрдани гӯшти моҳӣ кори мағзи сарро беҳтар ва ҳангоми пирӣ хотираи инсонро мустаҳкам менамояд. Коршинос иброз медоранд, ки ба ғайр аз гӯшти моҳӣ, инчунин устухони он давои беназир буда, дар таркибаш калтсий, калий ва витамини А хеле фаровон мебошад. Кӯфтаи устухони моҳӣ барои нест намудани ҳуҷайраҳои саратон ёрӣ мерасонад. Инчунин маълум гардид, ки гӯшт ва устухони моҳӣ аз ҳама муҳим ба иллатҳои вобаста ба майнаи сар, аз ҷумла саръ (эпилепсия) фоида дошта, ҳамзамон барои пешгирии касалиҳои сироятшавандаи вирусӣ ва зуком давои беҳамто мебошанд.