Салом! Ман Меҳроб, 24-сола. Духтари дӯстдоштаам дар яке аз мағозаҳои пойтахт кор мекунад. Шаш моҳ аст, ки бо ҳамдигар пайванди ишқу муҳаббат дорем.
Модарам ба ҷону ҳолам намонда, ҳар рӯз як гапро такрор мекард: «Биё саратро ҷуфт кунем, бачам!» Хешу табор нияти келинкунӣ доштани модарамро фаҳмида, духтарҳояшонро пешкаш мекарданд, вале модарам ихтиёрро ба худи ман дода: «Писарам касеро, ки хоҳад, ҳамон дӯстдоштаи худашро гирифта медиҳам, то пагоҳ аз ман домангир нашавад» мегуфт.
Ба дӯстдоштаам занг зада, гуфтам, ки модарам ба хонаашон хостгорӣ рафтанист. Се рӯз муҳлат хост. Боварӣ доштам, ки тӯю тамошо карда, азизи диламро ба Кӯлоб мебарам, вале рӯзи чорум духтар занг зада гуфт, ки падару модараш розӣ нестанд ва ҳатто гуфтаанд, ки духтарамонро ба роҳи дур намедиҳем! Гапи дӯстдоштаам ба ман сахт расид ва худамро дошта натавониста, гуфтам, ки падарат ба хубӣ духтар доданӣ бошад, диҳад, вагарна....
Барои як бори дигар бахтамро санҷидан, модарамро ба хостгорӣ фиристодам. Очаи бечораам бо кулчаҳои ширмолу қанду мавизи бисёре аз Кӯлоб ба Душанбе хостгорӣ рафт, вале модари арӯс гуфтааст, ки духтари мо ҳоло хурд аст, донишгоҳро тамом кунад, баъд ба шавҳар медиҳем, мо саросема нестем! Медонам, ки ин гапҳо баҳонаанд, мағзи гап дар он ки назари шаҳриҳо моро нагирифт. Ман ба як чиз ҳайронам, магар мо деҳотиён одам нестем ё гаҳвораи шаҳриҳо аз осмон фаромадааст, ки духтарашонро ба бачаи қишлоқӣ намедиҳанд? Маҳбубаам ба ҷойи бахшиш пурсидан, мегӯяд, ки айби худат, ман ба ту гуфта будам, ки падару модарам розӣ намешаванд, барои чӣ модаратро овора карда, ба шаҳр овардӣ?! Духтарҳои зиёде дар деҳа дар орзуи ман сӯхта мегарданд, вале чӣ кунам, ки ин дили яктопарасти ман ба ҷуз ҳамин моҳрӯи мағрури шаҳрӣ дигар касеро намехоҳад.
Хонандагони азиз, илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?
Меҳроб, аз деҳаи Даҳанаи ш. Кӯлоб