Sebiston new 2024 october
МИСЛИ САГИ ДАЙДУ ЯК ЛАГАД ЗАДА АЗ КИШВАРАШОН РОНДАНД
26.07.2020
Р. Азимӣ
3173

 

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар шиносномаам муҳри «депорт» зада, се сол пеш маро аз ватанашон ронданд, вале баъди бозгашт ба Тоҷикистон як дӯстам ба ман маслиҳат дод, ки ному насабамро иваз намуда, дубора ба Русия равам. Маслиҳати ӯро гирифта номамро иваз намудам ва ҳамчун Сангов Даврон ба Русия омадам.

Аз назорати гумрукии фурудгоҳ бе ягон душворӣ гузашта ба ҷойи корам баргаштам ва дар як муддати кӯтоҳ соҳиби пули калон шудам. Бойбача шуда мағруру ҳавобаланд шуда мондам, дигар одамони камбағалро назарам намегирифт. Дӯстонам дар гирдам парвона гашта, маро ҳар шом ба тарабхонаҳои машҳури Русия барои зиёфат даъват менамуданд. Бо ҳамин қадар боигарӣ рӯзе ба дасти гурӯҳи тафтишотӣ афтида, дубора муҳри «депорт»-ро соҳиб шудам, на пул кӯмак кард, на ёру ошнобозӣ, маҷбур шудам, ки сархаму малул ба хонаам оям. Як моҳ дар Ватан истода аз бечоранолии зану фарзандонам дилтанг шудам ва боз дар фикри иваз намудани ному насабам шудам. Ҳуҷҷатҳоро тахт карда ба ҳавопаймо нишастам, вале ин дафъа диламро сиёҳии азиме зер карда аз сар задани нохушӣ дарак медод.

Дил гувоҳи ҳақ аст гуфтани мардум беҳуда набудааст, сохтакориамро фаҳмида кормандони пулис маро ҷарима намуданд ва боз мисли саги дайду як лагад зада аз кишварашон ронданд. Гиряву зорӣ кардам, ки фарзандонам бо умеди пули Русия ҳастанд, монанд, ки бо меҳнати ҳалол як пора нонамро ёбам, вале фоида накард. Серро чи парвои гурусна, кормандони пулиси Русия худашон, ки серу пуранд, кай парвои тоҷик доранд?! 

Сайдалӣ, аз ш. Ваҳдат

 P/s: Нақл пеш аз бастани роҳҳо рӯи коғаз оварда шуда буд, мо онро аз рӯи навбат пешкаши хонанда гардонидем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД