Расул Мансурови 39-сола қариб 25 соли ҳаёташро сарфи ҳунари мисгарӣ намудааст. Ӯ дар оилаи мисгари номии шаҳри Истаравшан Мирзо Мансуров таваллуд ёфтааст.
Ин оилаи ҳунарманд аз қадим бо мисгарӣ машғул буда, ҳунари аҷдодиро садсолаҳост, ки ҳифз мекунанду тариқи аз насл ба насл ва методи устод -шогирд ба ояндагон мерос гузошта омадаанд.
Хабарнигори сомонаи Оила.тҷ бо ин ҳунарманди ҷавон ҳамсӯҳбат шуда, перомуни кору фаъолият ва нақшаҳои ояндаи ӯ қисса кард.
"Бузургтарин мероси падар ин касбу ҳунари ӯст!"
Дар урфият мегӯянд, мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз! Оилаи Мирзоевҳо солҳост, ки ин мақолро шиори худ дониста, касби бобоиро омӯхта аз насл ба насл мерос гирифта омадаанд. Расул Мансуров низ барои ҳифз кардани ин ҳунари қадимаву нотакрор аз хурдӣ ба омӯзиши он пардохтааст.
"Чун падарам ҳамарӯза ба ҳунари мисгарӣ машғул мешуданду карнай ва дигар маснуоти мисгариро омода мекарданд, наздашон истода, нозукиҳои ин ҳунарро аз худ мекардам. Дар хонаамон пайваста меҳмонҳо, сайёҳон омода, ҳунари дастии мардуми моро медиданду дар ҳайрат мемонданд. Ҳамин тавр аз хурдӣ ба ҳунари мисгарӣ дил баста касби падарро ба худ мерос гирифтам. Шукри Худо имрӯзҳо қиблагоҳам дар ҳаётанд ва ҳанӯз устоди моянд,"-хушҳолона зикр кард ҳунарманди ҷавон.
Назар ба гуфти Расул Мансуров алҳол фарзандонаш Раҳимҷон ва Абдураҳмону Абдумаҷид низ аз нозукиҳои ҳунари мисгарӣ воқиф буда, Раҳимҷон мехоҳад барои такмил додани ҳунари кандакорӣ дар мис ва нозукиҳои дигари ин пеша бо ҳунармандони Ӯзбекистонӣ мубодилаи таҷриба намояд.
Карнайҳои панҷқӯша ихтирои нав
ё эҳёи сози қадима?
Гузаштагони оилаи Мирзоевҳо дар замони пеш, тамоми маснуоти мисгариро омода карда ба кишварҳои олам тариқи қофилаҳо мебурданд. Ҳамзамон, тоҷирони зиёде барои харидорӣ кардани карнай, кӯзаву обдаста, лаъливу табақҳои гуногуни мисӣ муроҷиат намудаанд.
Тавре устоҳои мисгар мегӯянд, дар зиндагии феълӣ талабот ғайр аз карнай ба маснуоти дигари мисгарӣ кам шудааст. Аз ин рӯ, оилаи Мирзоевҳо бештар ба сохтани карнай машғуланд.
"Имрӯзҳо ба сози мусиқии карнай талабот зиёд аст. Санъаткорони зиёде ҳам аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳам аз Осиёи Марказӣ аз мо карнай харидорӣ мекунанд. Мо дар баробари сохтани карнайҳои одӣ ҳамзамон, карнайҳои қадимаеро аз рӯйи расму ривоятҳо эҳё кардаем. Гулкарнай, каҷкарнай, карнайи шикаста, говдум, карнайҳои сеқӯшаву панҷқӯша намунаи олии онҳоянд,"-гуфт Расул Мансуров.
Карнай сози қадимаи миллӣ буда, онро бештар дар рӯзҳои фарҳангӣ, тӯю сури мардумӣ ва оҳангҳои гуногун месароянд. Гузаштагони мо ин сози мусиқиро бештар дар рӯзи ҷашнҳои миллӣ, хосатан Наврӯзу Меҳргон ва Садаву Тиргон менавохтанд, ки аз омадани ид дарак медод.
Имрӯзҳо байни санъаткорони зиёд ва ансамблҳои карнайнавозӣ навохтани карнайҳои навсохти куҳанасл, дар тӯю маъракаҳо зиёд ба назар мерасад, ки онҳоро усто Расул Мансуров ҳамроҳ бо падару фарзандонаш сохтааст.
Миспӯшии гумбазҳо
Мисгарӣ касби ниҳоят васеъ ва доманадор аст. Қаҳрамони мо низ танҳо бо сохтани карнайҳо ва ҷиҳози рӯзғор иктифо накарда, барои миспӯш кардани маконҳои таърихиӣ Тоҷикистон кӯшидааст. Ӯ ҳамроҳи падараш усто Мирзо Мансуров гумбазҳои "Қалъаи Муғ", "Мақбараи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ", "Мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ", масҷиди "Сари Мазор" мадрасаи "Боботағои Валӣ" ва даҳҳо маконҳои таърихӣ рафтааст. Ҳамҳамон аз тунукаи одӣ якчанд гумбази объектҳои қадима аз ҷумла масҷиди таърихии Чоргунбази Истаравшанро зиннат додаанд.
Охирон сулолаи мисгарон
Мисгарӣ қадимтарин навъи ҳунари мардумӣ ба ҳисоб рафта, таърихи пайдоиши он ба асри сангу мис (энеолит) алоқаманд аст. Чун инсоният дар давраи гузариш аз асри санг ба асри биринҷӣ қарор гирифт, сохтани олоти лозимаро аз мис омӯхт ва бо мурури замон ин навъи ҳунар рушд кард. Мардуми Осиёи Миёна, хусусан, тоҷикон дар такомулу ривоҷи ҳунари мисгарӣ нақши муассире гузоштаанд. Онҳо аз мис ҳар гуна ашёҳои рӯзгор омода мекарданд, ки дар бозори ҷаҳонӣ мақоми махсус дошт. Бо гузашти вақт ашёҳои полиэтиленӣ (пластмасӣ) ҷойи маҳсулоти мисиро танг кард ва талабот ба чизҳои мисӣ камтар шуд. Имрӯзҳо шумораи нафароне, ки бо ҳунари мисгарӣ шуғл меварзанд, ниҳоят кам буда қариб ин навъи ҳунар аз байн рафтааст.
Оилаи Мирзоевҳо шояд ягона оилае бошанд, ки ин ҳунари қадимаро ҳифз карда баҳри рушди ин пеша шуғл варзанд.
Барои васеъ кардани доираи ҳунармандони мисгар қаҳрамони мо дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар бахши ҳунари мисгарӣ ба ҳунаромузон низ солҳо дарс додааст, ки имрӯзҳо бархе аз онҳо бо ин пеша машғуланд.
Хизматҳои Расул Мансуров то имрӯз борҳо аз ҷониби ҳукумати шаҳру вилоят бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Мавсуф ҳамзамон борҳо дар намоишҳои ҳунарӣ ва озмунҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои олам ширкат варзида ғолибият ба даст овардааст ва ҳамзамон ҳунари таърихиву қадимаи милии тоҷикиро муаррифӣ намудааст.
Абдуғаффор Шодиев