"Нархи пасти гӯшти аз Беларус воридшаванда маънои сифати пасти онро надорад".
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали директори Агентии "Тоҷикстандарт" Мирзоён Раҳмоншо зикр намуд.
- Аз Беларус гӯшт омада буд. Санҷиш шудааст. Арзон будан маънои сифати паст доштанро надорад. Сокинон баҳузур метавонанд онро истифода баранд. Мақсади овардани ин гӯшт ба танзим даровардани нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар буд. Ҳар хӯрокворӣ, ки аз берун ворид мешавад, ҳатман санҷида шуда, сокинони кишвар метавонанд дилпурона истифода баранд”,- гуфт ӯ дар мавриди гӯште, ки соли гузашта аз кишвари Беларус ворид гардида буд.