Беҳуда бузургонамон “Аз инсон танҳо номи нек мемонад” нагуфтаанд, инсонҳои бузурге ҳастанд, ки баъди садсолаҳо низ номашон ҳаргиз аз хотираҳо зудуда нагашта, ба поси хотирашон кӯчаҳо, биёбонҳо ва ҳатто киштиҳои бузургу тайёраҳои баландпарвозро ба номашон мегузоранд.
Яке аз чунин шахсиятҳои бузургу фаромӯшнашаванда Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода мебошад, ки акнун номаш дар як тайёраи азим сабт хоҳад шуд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ду рӯз қабл як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро ба пойтахти Тоҷикистон ворид намудааст, ки дар маҷмӯъ 189 курсии эконом-класс дорад. Ширкат тасмим гирифтааст, ки ба поси хотири яке аз қаҳрамонони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ин тайёраи азимро ба номи ин шоири зиндаёд гузорад.
Тайёраи Мирзо Турсунзода ба кадом самт парвоз хҳад кард, ҳанӯз маълум нест, вале ширкат иттилоъ додааст, ки рӯзҳои наздик боз як ҳавопаймои дигари Boeing 737-800 шомили парки ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мешавад. Ин ду ҳавопаймо дар асоси лизинг аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ - ACG (Aviation Capital Group) ба даст оварда шудаанд. Бо шумули ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад - ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.
Ёдрас мешавем, ки ҳавопаймоҳои қаблии “Сомон Эйр” низ ба шарафи шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик, аз ҷумла ба шарафи Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Шириншо Шотемур номгузорӣ шудаанд.