Овоза
Салом “Оила”! Ман хонандаи ҳамешагии шумо ҳастам ва ҳар ҳафта чоп шудани ҳафтаномаро бесаброна интизор мешавам. Имрӯз хабаре маро водор сохтааст, ки ба унвони шумо бори аввал нома бинависам ва умедворам, ки хоҳиши маро иҷро мекунед. Тахминан чор-панҷ сол мешавад, ки мухлиси ашаддӣ ва дар баробари ин, ошиқи овозхони ҷавон Шаҳриёр Давлатов ҳастам.
Садояш, суруду таронаҳояш, ҳатто аксҳои бешумори ӯ, ки хонаи хоби маро пур кардаанд, оромкунандаи қалбу рӯҳи ман ҳастанд. Шунидам, ки Шаҳриёр Миноро дӯст дошта, ба ӯ хостгор шудааст. Баробари шунидани ин хабар дуд аз димоғам баромад. Наход Шаҳриёре, ки ман аз ҷонам бештар дӯсташ медорам, ошиқу хостгори нафари дигар бошад? Медонам, ман ҳеҷ гоҳ ба висоли Шаҳриёр расида наметавонам, аммо намехоҳам, ки ӯ насиби каси дигар шавад. Аз рӯзе, ки ин хабарро шунидам, дар оташи рашк месӯзаму коре аз дастам намеояд. Дарди диламро ба касе ҳам гуфта наметавонам, зеро метарсам, ки атрофиён ба ҳолам механданд. Охир, мани деҳотӣ куҷову Шаҳриёр куҷо?
Ба ҳамин хотир, ба “Оила”-и дардошно нома навиштам, то ҳақиқати ин овозаро муайян созад. Донистан мехоҳам, ки Шаҳриёр Давлатов дар ҳақиқат хостгори Мино шудааст. Агар ҳа, Мино дар ҷавоб чӣ гуфтааст? Ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад? “Оила”-и азиз, ягона ҳамрози ман ту ҳастӣ, дар шумораи навбатиат ҷавоби хоҳишамро дидан мехоҳам. Умедворам, ки хабари хуш мерасонӣ.
Бо эҳтиром М.,
аз ноҳияи Кӯшониён
Ҳақиқат
М-и гиромӣ, ҳар як санъаткор низ мухлисони худро ба мисли додару хоҳар дӯст медораду ҳурмат мекунад, зеро агар мухлис набошад, заҳмату меҳнати ҳунарманд низ ҳеҷ аст. Хабари хостгори Мино шудани Шаҳриёр Давлатовро шояд ба шумо нодуруст фаҳмонида бошанд, зеро дар асл ин шӯхие беш нест. Баъди ба дастамон расидани номаи шумо ҷустуҷӯ карда баромадем, ки ин хостгорӣ дар рафти як барномаи интернетӣ сурат гирифта будааст. Шаҳриёр Давлатов меҳмони барномаи “Медонӣ ё не?” мешавад ва тибқи шарти барнома қуттиҳои дар наздаш бударо кушода, шартҳои дохили онро иҷро мекунад. Дар дохили як қуттӣ шарт гузошта шудааст, ки “Ба Мино занг зада, изҳори муҳаббат кунед ва гӯед, ки туро ба занӣ мегирам”. Шаҳриёр ба Мино занг мезанад ва баъди аҳволпурсӣ мегӯяд, ки “Мино, ман туро дӯст медорам ва мехоҳам, ки ба занӣ бигирамат”. Баъди иҷрои шарт Шаҳриёр ба Мино мефаҳмонад, ки дар барномае иштирок дорад ва ин шарте буд, ки бояд иҷро мекард. Хулоса, Шаҳриёр ба хостгории Мино нарафтааст ва нияти ӯро ба занӣ гирифтанро ҳам надорад. “Бо сабаби баъзе мушкилиҳои шахсӣ чанд муддат аст, ки суруду клипи наверо пешниҳоди мухлисонам накардаам. Кор карда истодаем ва рӯзҳои наздик ҳатман бо навгоние хотири ҳаводоронамро шод хоҳам кард”,-мегӯяд овозхон дар рафти барнома. Шаҳриёр Давлатов аз шумори овозхонҳои ҷавони тоҷик аст, ки гирди номаш зуд-зуд овозаву ҳангомаҳои росту дурӯғ паҳн мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе овозхонро ба хотири дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва нашр кардани навори дорои алфози қабеҳдошта, ки онро ба истилоҳ “пранк” мегӯянд, ба муҳлати 10 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карда буданд.