Ман мухлиси ашаддии хонум Мино ҳастам. Тавре мушоҳида кардам, як соли охир қариб, ки сарояндаи дӯстдоштаам мисли солҳои пешин фаъол нест. Яке мегӯяд, ки Мино шавҳар кардааст. Дигаре мегӯяд, ки Миноро аз саҳна дур карданд. Савумӣ сабаби камнамо шудани Миноро дар кӯч бастанаш ба кишвари Амрико рабт медиҳад. "Оила”-и азиз, хоҳиш мекунам дар ин бора ба мо маълумоти дақиқ диҳед.
Посух
Сарояндаи ҷавону хушовоз Мино ба саволи мазкур чунин посух дод:
“Ман тарки саҳнаву шавҳар накардаам. Сабаби як сол суст шудани фаъолияти худро худам низ шарҳ дода наметавонам, вале ба хулосае омадам, ки зудтар аз паи кор шуда, чун пештара бо сурудҳои тоза, клипҳои ҷаззоб ва стили наву муосир мухлисонамро ба ваҷд биёрам. Рӯзҳои наздик суруди нави бандаро метавонед чун армуғони идонаи Мино тамошо кунед!»