Раҷаб Тайип Эрдуғон Президенти Ҷумҳурии Туркия ҳини боздиди хеш аз минтақаҳои харобгаштаи кишвараш ба вилояти Хатой омад.
Дар ҷараёни сафараш бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.
Зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия баҳои баланд дод. Вай ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.
Президенти Туркия ҳамчунин изҳор дошт, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯ ва аз фаъолияти имдодарони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва дақиқа ба дақиқа пайгирӣ мекунад.