Sebiston new 2024 october
Милитсияи тоҷик шикояти зани афғонро мавриди санҷиш қарор дод
634

Дирӯз як ҷавонзани афғон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мавриди зӯроварӣ қарор доштанаш қисса карда, аз болои шавҳараш шикоят намуд ва аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумак хост.

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ба ин навор вокуниш намуда, фавран аз пайи таҳқиқ шуданд.

Ҷавонзан дар навори видеоӣ бо чашми гирён қисса мекунад, ки ӯро ғайри хоҳишаш ба марде, ки дар синну сол аз вай ду баробар калон мебошад, ба шавҳар доданд. Ин зани афғон аз ҷабру зулми ҳамсараш шикоят карда, мегӯяд, ки шавҳараш ӯро ҳамеша мавриди хушунату зӯроварӣ қарор дода, бо паҳн намудани сабту наворҳо дар интернет таҳдид менамояд. Аз рӯйи гуфтаҳои Тамкин, шавҳараш натанҳо худи вай, балки волидонашро низ бо таҳдид ба қабул кардани қарорҳои ғайри иродаашон маҷбур месохтааст.

«Ин одам нисбати ман бисёр корҳои бад мекунад. Соли таваллуди вай 1976 аст, соли таваллуди ман бошад, 2001 мебошад. Маҷбур шудам ба шумо муроҷиат намояд, чунки ман бисёр хаста шудаам. Вай ҳамеша нисбати ман зӯроварӣ ва фишорро ба кор бурда, наворҳои садоиро паҳн мекунад, ки набояд пахш карда мешуданд. Ман худамро хеле таҳқиршуда эҳсос мекунам ва шарм медорам. Зери фишори ин одам ман ба чанд ҳуҷҷат имзо гузоштам, вале намедонам дар асл онҳо чӣ гуна ҳуҷҷат буданд...”,- қисса мекунад ин ҷавонзани афғон.

Бино ба иттилои РВКД дар Душанбе, дар рафти санҷиш муайян карда шудааст, ки дар ин навори видеоӣ шаҳрванди 24-солаи Афғонистон Меҳробиддин Тамкин, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, тасвир ёфтааст. Як сол қабл Тамкинро бо никоҳи мусалмонӣ ба марди 48-солаи зодаи музофоти Таҳҳори Афғонистон Абдулбасир Ҳамидӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад, ба шавҳар додаанд. Байни зану шавҳар нофаҳмиҳо сар зада, ҳамсараш ҳамеша ба Тамкин рӯҳан фишор меовардааст. Аз ҳамин сабаб ҷавонзан маҷбур шудааст тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат карда, кумак пурсад.

Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД