Пагоҳ мардуми шарифи тоҷик қатори дигар мусалмонони ҷаҳон Иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд. Маъмулан дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон бо сабаби бемасъулиятӣ ва бепарвоии баъзе падару модарон кӯдакон аз назорат дур монда, беҳудагардӣ мекунанд ва дар натиҷа гум мешаванд ё ба садамаи нақлиётӣ гирифтор мегарданд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои нохуш Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри як муроҷиатнома аз падару модарон хоҳиш кардааст, ки дар Иди Фитр фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва ба беҳудагардӣ, оворагардӣ ва шабгардии кӯдакону наврасон роҳ надиҳанд.
Милитсияи пойтахт волидонро ҳушдор додааст, ки дар сурати аз ҷониби ноболиғон содир гаштани ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, нисбати падару модар ё саробони онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.